Дар 448 гармхонаҳои вилояти Суғд 393,6 тонна сабзавоти тару тоза истеҳсол гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали сол то имрӯз дар гармхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 393,6 тонна сабзавоти тару тоза истеҳсол карда шуд. Дар 272 гармхона парвариши сабзавот ва дар 176 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ин дар ҳолест, ки дар ин шабу рӯзе, ки ҷаҳонро бемории ҳамагири коронавирус фаро гирифтааст, бадани мо беш аз пеш ба сабзавоту меваҳои босифат ниёз дорад ва тавассути истеъмоли онҳо масуният баланд мегардад.
Тибқи иттилои масъулини бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, имрӯзҳо дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ 448 гармхона фаъолият дошта, аз ин миқдор 280 адад гармхонаи навъи чинӣ мебошанд.
Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят ба 25,64 гектар баробар аст.








Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд






