Дар Душанбе барои баргузории Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 120 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории даври шаҳрӣ ва ҳайати ҳакамони даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ гардид. Аз ҳисоби маблаҳоғҳои захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмун ва хароҷоти вобаста ба он 120 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо гардид .
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, даври якум ва дуюми озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тибқи муқаррароти Низомномаи он, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 тасдиқ гардидааст, дар пойтахт ташкилу баргузор карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 2019 баргузор шуд. Он аз рӯи панҷ номинатсия — оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ доир гардида, Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Имсол барои Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои Шоҳҷоизаи озмун 70 000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.








«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад






