Дар Душанбе Маркази таҳсилоти фосилавӣ дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба фаъолият оғоз намуд

Апрель 23, 2020 17:22

ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар Муасисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе  дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ Маркази таҳсилоти фосилавӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ифтитоҳи маркази мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, намояндагони тамоми сохторҳои вазорат ваустодону хонандагон иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки бори аввал дар мамлакат Маркази таҳсилоти фосилавӣ барои зинаҳои ғоибона роҳандозӣ гардид. Он имрӯз яке аз сохторҳои донишгоҳ ба ҳисоб рафта, раванди низоми фосилавиро дар гурӯҳҳои фосилавии донишгоҳ идора мекунад.  Ҳангоми таҳсили фосилавӣ таълимгоҳҳо метавонанд аз  шаклҳои гуногун, монанди барномаҳои компютерии махсус интихобшуда ва ба донишҷӯёну хонандагон мувофиқ, конфронс—робита, почтаи электронӣ, онлайн-мессенҷерҳо ва ғайраҳо истифода намоянд. Маркази таҳсилоти фосилавӣ тарзи амалигардонии раванди таълимро бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар масофаи дур бе иштироки шахсии омӯзгор ва донишҷӯён имконпазир мегардонад. Кори система шаффоф буда, тамоми маводи таълимӣ ба таълимгиранда дастрас мебошад.

Аз ҷониби хонандагони муассисаи мазкур бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф намоиши донишу ҳунар доир гардид.

Дар намоиши мазкур зиёда аз 58 ихтироъ ва лоиҳаҳои хонандагони болаёқати муассиса пешниҳод гардиданд, ки аз ҷониби иштирокчиён хуб пазируфта шуданд. Вазири маориф ва илм ба хонандагони ихтироъкор, ки бештар ба илмҳои дақиқ таваҷҷуҳ доранд, тавсияю маслиҳатҳои судманд дод.

Хонандаи синфи 9-и муассисаи мазкур Назира Акрамзода ихтирои худро доир ба микроскоп, ки заррачаҳои хурдтаринро нишон медиҳад, ба камера пайваст намуда, онро дар рӯи экрани компютер намудор сохт. Тавассути ин пешниҳоди Назира мо бе душворӣ заррачаҳои хурдтарини элементро дар таркиби маҳсулот мушоҳида менамоем. Ҳамчунин ба ҳамин монанд аз фанҳои  технология, физика, химия, астраномия ва дигар фанҳо ихтироот пешниҳод гардиданд.

Ҳамзамон дар намоишгоҳ аз ҷониби хонандагон маҳсули  дастранҷи онҳо ва шеъру сурудҳо бо забонҳои гуногун манзур гардиданд.

Тавре дар суҳбат бо мо ҷонишини директори Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе  Суҳбатулло Саъдуллоев иброз намуд, дар Маркази дарсҳои фосилавӣ  Маркази олимпиадаи байналмилалӣ низ ҷой дорад, ки хонандагон тавассути он метавонанд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намоянд.

Омӯзгори фанни информатикаи муассисаи мазкур  Зафар Зокиршоев дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки “имрӯз дар ин Маркази фосилавӣ мо барномаи ZOOM-ро пайваст намудаем, ки тариқи он дарсҳои фосилавӣ хеле сода ва фаҳмо мегузаранд. Бо ин барнома омӯзгорон метавонанд дарсҳои худро ташкил намуда, рақами инфиродии худро ба хонандагон пешниҳод намоянд. Дар  ин сурат хонандагон метавонанд ба рақами инфиродии омӯзгор дохил шуда, дар дарси ин омӯзгор иштирок намоянд”.

Номбурда иброз намуд, ки барнома хеле одӣ ва фаҳмост, зеро бо ворид гардидан ба ин барнома омӯзгор дарс  мегузарад ва хонандагон саволҳои худро тариқи паёмак равон месозанд. Бартарияти барнома дар он аст, ки аз он зимни интернет бо суръати суст низ метавон истифода намуд. Инчунин дар як дарс то 100 нафар хонанда метавонанд иштирок намоянд. Ин барнома ба ҳама дастрас буда, ҳамагон метавонанд дар телефон, планшет ва компютер аз он истифода намоянд.

Суҳбатулло Саъдуллоев иброз намуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат оид ба масъалаи омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ бояд дар навбати аввал тадбирҳои ҷиддӣ андешида шаванд. Инчунин барои устодон ва хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва дохилии ҷумҳурӣ ғолибият ба даст меоранд, имтиёзҳои зиёде фароҳам оварда шудаанд, ки шавқу рағбати хонандагонро боз ҳам зиёд менамоянд.

Ба гуфти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар соли 2016 чор намуди олимпиадаи фаннӣ гузаронида мешуд, ҳоло  21 олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва озмунҳо гузаронида мешаванд. Инчунин агар соли 2011 132 нафар хонандагони мамлакат дар 11 олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 96 медал гардида бошанд, соли 2019 456 хонанда дар 31 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 251 медал  гардидаанд, ки аз ин 67 медали тилло, 66 медали нуқра ва 117 медали биринҷӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»- и шаҳри Душанбе  таълим бо забони тоҷикӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар ҳамаи дарсҳо аз таҷҳизоти таълимии муосир васеъ истифода бурда шуда, муассиса ба шабакаи интернетӣ пурра пайваст мебошад.

Апрель 23, 2020 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад