Дар муассисаҳои таълимии Душанбе оид ба пешгирии коронавирус чорабиниҳо доир мегарданд

Апрель 16, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пурзӯр намудани пешгирии хавфи коронавирус ва таъмини некӯаҳволии санитарӣ –эпидемиологӣ дар байни омӯзгорон ва хонандагони як зумра  мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ҳамчунин  дар 5 муассисаи таҳсилоти олии пойтахт аз ҷониби идораи наҷоти мамлакат суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронда шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ кормандони Кумита аз видео ва филмҳои аниматсионӣ истифода намуданд. Ба воситаи онҳо риояи чораҳои пешгирӣ, гигиенаи шахсӣ ва эҳтиёҷ ба ёрии аввалини  тиббӣ ҳангоми пайдо шудани  нахустин нишонаҳои коронавирус маълумоти зарурӣ  манзур шуданд. Онҳо ба ин васила таваҷҷуҳи  беш аз 200 нафар донишҷӯёни мактаб ва донишгоҳҳоро ба ин масъалаи муҳим  ҷалб намуданд.

Ба ҷуз ин, кормандони тиббии Кумитаи мазкур дар синфхонаҳо ба мактаббачаҳо тарзи истифодаи дурусти маҳлули антисептикиро нишон дода, зарурати риояи қоидаҳои беҳдоштиро фаҳмониданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён китобчаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.

АКС АЗ КҲФ ВА МГ-и Тоҷикистон

Апрель 16, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд