Дар се соли охир дар Душанбе 112 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд

Апрель 22, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар чор соли охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ободу зебо гардида, дар самти беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ шаҳр ба як зумра дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Тавре Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Завқӣ ЗАВҚИЗОДА дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд, соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 15,1 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2016-ум 5,0 млрд. сомонӣ ё 49,5 фоиз зиёд мебошад. Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба ҳар нафар аҳолӣ дар ин давра 50 фоиз афзоиш ёфта, ба 17659 сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд.

Завқӣ Завқизода дар идома зикр кард, ки бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии басуръати мамлакат низ шаҳри Душанбе ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,9 маротиба зиёд гардида, ҳаҷми он дар соли 2019 ба 2711,3 млн. сомонӣ баробар шуд.

Воқеан ба болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба фаъолият даровардани корхонаҳои нави саноатӣ, ки бевосита бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, мусоидат намуд. Аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма», коркарди сангҳои ватанӣ аз ҷониби ҶДММ «Зиркон», истеҳсоли мебел аз ҷониби ҶДММ «Бисот», истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ аз ҷониби ҶДММ «Ваҳдат», истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ аз ҷониби ҶСК «Равшан» ва истеҳсоли асфалту бетон аз ҷониби ҶСП «Заводи асфалту бетон». Ҳоло барои бунёди 10 корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли семент, қолинҳо, таҷҳизоти барқӣ, қубурҳои шишапластикӣ ва орд санги асос гузошта шудааст.

Давоми се соли охир 112 корхонаи саноатӣ бо шумораи умумии 1245 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.

Дастоварди дигари шаҳр, ки сабаби истифодаи сарфакоранаи неруи барқ гардид, ин дар фасли зимистон таъмини биною иншоот бо гармӣ мебошад. Давоми се соли охир 2310 бинову иншоот бо гармӣ таъмин карда шуда, дар натиҷа истифодаи неруи барқ дар фасли зимистон кам гардид ва сокинони пойтахт, ташкилоту муассисаҳо маблағҳои худро сарфа намуданд.

Сохтмон ва сармоягузорӣ низ дар пойтахти мамлакат назаррас афзоиш ёфта, се соли охир зиёда аз 752 иншоот ба маблағи 6,8 млрд. сомонӣ сохта шуд.

Дар ин давра 18 муассисаи таълимӣ барои 14 614 хонанда дар як баст ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 11 муассиса барои 11904 хонанда дар як баст ва корҳои лоиҳакашӣ дар 6 муассисаи дигар барои 3232 хонанда идома доранд.

Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- ин раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, ки тавассути таҷдид ва сохтмони нақбу пулҳо ва роҳҳои мошингард амалӣ шуда истодааст. Бино ба маълумоти ҳамсуҳбат, дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таҷдиду навсозии роҳҳо корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, 118,3 км роҳҳо навсозӣ ва таъмир гардида, сохтмони ду эстакада идома дорад.

Инчунин бо мақсади беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ низоми нави автоматикунонии «Шаҳри бохирад» ба роҳ монда шуда, 100 адад автобуси тамғаи «AKIA» аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон харид карда шуд ва дар 30 хатсайр пардохти роҳкиро пурра тариқи низоми электронӣ роҳандозӣ гардид.

Ҳамзамон ҷиҳати тарғибу ташвиқи наврасону кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим дар ҳар як маҳаллаю ҷойҳои аҳолинишини пойтахт 231 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.

Муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри гулҳо ба ҷаҳониён аз дастоварди намоёни дигар мебошад, ки дар ин давра 71 боғу гулгаштҳо бо гулу буттаву дарахтони нодир бунёд гардида, диққати сокинон ва меҳмони пойтахтро ба худ ҷалб намуд.

Бахусус 5 боғи фарҳангу фароғатии нав, аз ҷумла боғҳои «Восеъ», «Алишери Навоӣ», Аҳмади Дониш, «Ҷавонон» ва «Куруши Кабир» бунёд гардида, боғҳои Айнӣ, «Кӯли Ҷавонон», Абулқосими Фирдавсӣ, «Хайём», «Кӯдакон» ва «Мироненко» навсозӣ гардиданд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани сатҳи хизматрасонӣ сохтмони 2 меҳмонхонаи муосир анҷом ёфта, сохтмони 8 меҳмонхонаи дигари замонавӣ идома дорад.

Вобаста ба корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021 дар шаҳр 4145 чорабинию иншоот пешбинӣ шудааст. Дар робита ба ин Завқӣ Завқизода гуфт, ки соли сипаришуда иҷрои нақшаи чорабинии пешбинигардида 104 фоизро ташкил медиҳад.

Дар солҳои 2017-2019 дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ба маблағи умумии 86,8 млн. доллари ИМА ва 2 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳсозӣ ба маблағи 85,9 млн. доллари ИМА татбиқ гардида истодааст.

Дар ин давра обрӯю эътибори шаҳр дар арсаи байналмилалӣ бамаротиб боло рафта, расму ойин ва фарҳангу маданияти ҳазорсолаи гузаштагонамон ба ҷаҳониён ба таври густурда муаррифӣ карда шуд.

Тибқи баҳогузории нашрияи бритониёии «The Independent» пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф шуда, Душанбе аз ҷониби Агентии таҳлилии «ТурСтат» ба феҳрасти даҳгонаи ҷолибтарин шаҳрҳои сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ ворид гардид.

«Натиҷаи қадрдонӣ шудани дастовардҳои намоён дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии пойтахт буд, ки 17 апрели соли 2020 узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамчун шахси кордону ботаҷриба, худогоҳу сиёсатмадор ва шаҳрдори комёб дониста, якдилона ба мақоми пурифтихори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб карданд.

Фаъолияту кордонии Рустами Эмомалӣ беҳтарин намунаи ибрат барои ҳар як ҷавони бонангу номуси Ватани азизамон буда, ҷиҳати ноил гардидан ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардошти сатҳу сифати зиндагӣ, таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу субот дар мамлакат мусоидат менамояд», — мегӯяд Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Завқӣ Завқизода.

Апрель 22, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Исломобод Бизнес-форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Тақвият ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар бахши обу энергетика баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон созишномаи Низоми муосири идоракунии дороиҳои роҳ ба имзо расид
Дар Академияи илмҳои кишоварзӣ масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос баррасӣ шуд
Дар Хатлон оид ба иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ барои соли 2025 машварат баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресс ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд
Нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 -2028» муаррифӣ гардид
Лоиҳаи Кодекси энергетикии Тоҷикистон таҳия мешавад
Масъалаи ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо «Машриқ Бонк» муҳокима гардид
Ҷаласаи якуми Шурои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир гардид
Дар Бонки миллӣ лоиҳаи пилотӣ оид ба барориши вомбаргҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ муҳокима шуд
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд