Дар Суғд таҳти унвони «Камоли сухан» конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси маҳфили адабии «Зарафшон» ва Муассисаи давлатии Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ моҳи июни соли равон таҳти унвони «Камоли сухан» конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Аз Кумитаи тадорукот оид ба гузаронидани конференсияи илмӣ-адабӣ хабар доданд, ки хоҳишмандон метавонанд дар ҳамоиши илмӣ ширкат варзанд. Иштирокчиёнро зарур аст, ки навиштаҳои илмӣ-таҳқиқотии худро дар ҳаҷми то 8 саҳифа то 16 май ба почтаи электронии mash-al@mail.ru ирсол намоянд. Таҳқиқоти илмӣ бояд паҳлуҳои таҳқиқнашудаи рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандиро дар бар бигиранд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






