Дар Тоҷикистон 114 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуд

Апрель 14, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 14.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми се моҳи сипаригардида дар қаламрави Тоҷикистон 114 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора 6 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат зарар расонидааст, ки маблағи умумии он ҳудуди 1 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ин давра бар асари омадани сел 1 нафар ва фаромадани тарма 2 нафар сокинони мамлакат ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода 13 апрел зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод ба масъалаи ҳодисаҳои омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъулинро ҷиҳати андешидани тадбирҳои саривақтӣ вазифадор кард.

«Диққати асосӣ ба тадбирҳои соҳилбандӣ, корҳои ҳаррӯзаи қувваҳои ҳарбӣ, таъмини ақибгоҳ, истифода, ҳифз ва таъмири техника ва силоҳҳо, риояи интизоми ҳарбӣ, фароҳам овардани шароит барои хизмати ҳарбии сарбозон равона гардид»,- омадааст дар иттилоияи Кумита.

Апрель 14, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид