Духтари ноболиғ дар қисмати обанбори «Сангтӯда-2» ғарқ шуда, ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 март, соати 11:50 ба қисми навбатдории фаврии шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хабар доданд, ки як духтари ноболиғ дар қисмати обанбори «Сангтӯда-2»-и дарёи Вахш дар об ғарқ шудааст. Ҳодиса субҳи 29 март, тахминан соати 10 ба вуқӯъ пайваста, сабаби он то ҳол маълум нест.
Тавре дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баъди дарёфти хабари телефонӣ дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва дастаи зудамали наҷоти шуъбаи Кумита дар минтақаи Кӯлоб ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд.
Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ғаввосӣ ва давр задани атрофи минтақа тақрибан соатҳои 13:20 дақиқа ҷасад аз чуқурии 15-20 метр пайдо ва ба мақомоти дахлдор ва хешу наздиконаш супорида шуд.
Маълум гардид, ки марҳум сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Данғара буда, ҳамагӣ 16 сол доштааст. Бино ба иттилои пешакӣ, номбурда дар наздикии обанбори Сангтӯда-2-и дарёи Вахш ба об афтодаву ғарқ шудааст.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки сокинон қоидаҳои ҳузур дар соҳили рӯду каналҳоро ҷиддан риоя намуда, ҳамеша боэҳтиёт бошанд. Зеро надонистани қоидаҳои ғаввосӣ метавонад сабаби сар задани ҳодисаҳои нохуш гардад.








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






