ФФТ: маросими қуръакашии дастаҳои Лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуд

Апрель 10, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 10.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии дастаҳои Лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуд. Дар мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон, ки аз ду марҳила иборат аст, 12 даста иштирок мекунанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба ин марҳила дастаҳои футболи  «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ, «Саройкамар»-и Панҷ, «Эсхата»-и Хуҷанд, «Исфара»-и Исфара, «Равшан»-и Кӯлоб, «Шоҳмансур»-и  Душанбе, «Барқчӣ»-и  Ҳисор, «Ваҳдат»-и  Ваҳдат, «Ҳулбук»-и  Восеъ, «Моҳир»-и Ёвон, «Равшан»-и  Зафаробад ва «Ҳосилот»-и  Фархор  дохил шуданд.

Тақвими бозиҳои Чемпионат тибқи рақамҳои таркибие, ки дастаҳо дар ҷараёни қуръакашӣ ба даст овардаанд, ташкил карда мешавад.

Дар даври аввали Лигаи якуми Тоҷикистон вохӯриҳои зерин доир мешаванд:

«Исфара» (Исфара) – «Равшан» (Зафаробад)

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) – «Шоҳмансур» (Душанбе)

«Эсхата» (Хуҷанд) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)

«Ҳосилот» (Фархор) – «Ҳулбук» (Восеъ)

«Равшан» (Кӯлоб) – «Саройкамар» (Панҷ)

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Моҳир» (Ёвон)

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум даҳаи дуюми моҳи апрел оғоз мешавад. Мутобиқи қоидаи муқарраргардида, дастаи ғолиб ва барандаи нишонҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2020 ҳаққи иштирок дар мавсими ояндаи Лигаи олиро ба даст меоранд.

Апрель 10, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд