ФУТБОЛ: дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон-2020 се бозӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардид. Дастаҳои нави Лигаи олӣ – «Локомотив-Помир»-и Душанбе ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ байни ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби мусовӣ- 2:2 анҷом ёфт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар вохӯрии дигар дастаи «Хатлон»-и Бохтар бар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истарафшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳамчунин дидори дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Ду бозии дигари даври якуми Чемпионати Тоҷикистон 8 апрел доир мегарданд.
Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бо дастаи КМВА бозӣ мекунад, дастаи «Душанбе-83»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо мепазирад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. 1-ум давр
«Локомотив-Помир» – «Файзканд» – 2:2
Голҳо: Наврӯз Рустамов, 49 (0:1). Шаҳром Сулаймонов, 55 (1:1). Азизбек Ҳасанов, 71 (2:1). Азизҷон Зарипов, 72 (2:2).
5 апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
«Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1
Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (0:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 53 (1:1). Эҳсон Бобоев, 90+4 – аз пеналтӣ (2:1).
5 апрел. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.
«Куктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0
5 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».
8 апрел (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Душанбе-83» – «Истиқлол»
Ваҳдат, Варзишгоҳи марказӣ
КМВА – «Хуҷанд»
Душанбе, Варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






