ФУТБОЛ: дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» рақибонашонро мағлуб намуданд

Апрель 9, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз  бо бозӣ байни дастаҳои футболи  «Душанбе-83»-и Душанбе  ва «Истиқлол»-и Душанбе  рақобатҳои даври якуми  Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ хотима ёфт. Вохӯрии ин дастаҳо  дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  хеле  ҷолиб сурат гирифта, бо натиҷаи  назаррас —  7:0 ба суди дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе анҷом ёфт. Мавзӯи мазкурро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Дар ин сабқати ҷолиб  голҳои ғолибонро Вахит Оразсахедов, Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев ва Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расониданд.

 

Чемпионати Тоҷикистон-2020

Лигаи олӣ

Даври 1-ум

«Душанбе-83» – «Истиқлол» — 0:7

Голҳо: Вахит Оразсахедов 26, Манучеҳр Ҷалилов 31, 60, 64, Алишер Ҷалилов 46, Шериддин Бобоев 80, 90.

Ҳамчунин дирӯз дар бозии аввали худ  дастаи КМВА дар майдонаш дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷандро қабул намуд. То нимаи қисми аввали дидор соҳибони майдон дар баробари ҳарифон ҳуҷумҳои пайдарпай созмон доданд. Аммо ҳамлагари меҳмонон Андрей Сидоров қабл аз танаффус ба задани гол даст ёфта, дастаашро ба пеш баровард. Дар қисми дуюми рақобат аниқтараш дар дақиқаи 63-юм бозингари дигари дастаи «Хуҷанд»- Хуршед Бекназаров як бори дигар дарвозаи дастаи КМВА- ро рахна сохта, таносубро боло бурд. Бо вуҷуди 10-нафара бозӣ кардан соҳибони майдон дар дақиқаи 76-ум ба як голи меҳмонон ҷавоб гардониданд. Ин голро Шодибек Ғаффоров бо истфода аз зарбаи кунҷӣ ба ҳадаф расонид ва ҳисобро 2:1 намуд. Дар дақиқаҳои охири бозӣ футболбозони дастаи   «Хуҷанд» аз ҳолати пеналтӣ ба задани голи сеюм даст ёфтанд.

Ҳамин тариқ,  дастаи футболи «Ҳуҷанд»-и Хаҷанд рақобати аввали худро дар Чемпионати имсолаи мамлакат бо ғалаба анҷом дод.

 Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум.

КМВА – «Хуҷанд» – 1:3.

Голҳо: Андрей Сидоров, 45 (0:1). Хуршед Бекназаров, 63 (0:2). Шодибек Ғаффоров,76 (2:1). Манучеҳр Ахмедов, 90+2 пеналти (1:3).

5  апрели  соли равон  мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардида буд. Дастаҳои нави Лигаи олӣ – «Локомотив-Помир»-и Душанбе  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ байни ин дастаҳо  хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби  мусовӣ-  2:2 анҷом ёфт. Дар вохӯрии дигар дастаи «Хатлон»-и Бохтар  бар дастаи  футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳамчунин   дидори дастаҳои  футболи «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  ва «Регар-ТадАЗ»-и  Турсунзода    бо ҳисоби мусовии   0:0  хотима  ёфт.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. 1-ум давр 

«Локомотив-Помир» – «Файзканд» – 2:2

 Голҳо: Наврӯз Рустамов, 49 (0:1). Шаҳром Сулаймонов, 55 (1:1). Азизбек Ҳасанов, 71 (2:1). Азизҷон Зарипов, 72 (2:2).

5 апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 «Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1

 Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (0:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 53 (1:1). Эҳсон Бобоев, 90+4 – аз пеналтӣ (2:1).

5 апрел. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.

 «Куктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0

5 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

Ёдовар  мешавем, ки  дар даври дуюми  Чемпионати Тоҷикистон 11  апрел дастаҳои футболи «Душанбе-83»-и Душанбе  бо «Локомотив-Помир»-и Душанбе ва 12  апрел дастаи футболи «Истиқлол» -и Душанбе бо  дастаи  КМВА  байни ҳам рақобат мекунанд.

Апрель 9, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид