Хазинаи Байналмилалии Асъор сарбории қарзи 25 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро сабук намуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ дар бораи фавран сабук кардани сарбории қарзи 25 давлати ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон қарор қабул намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон бо истинод ба Департаменти равобити ҷамъиятии ХБА хабар доданд.
Дар изҳороти мудири иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева гуфта мешвад, ки Шӯрои иҷроияи ХБА дар бораи фавран сабук кардани сарбории қарзи 25 кишвари аъзои ХБА дар доираи механизми бознигаришудаи ХБА – Фонди трастии маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои фалокат қарор қабул кард. Ин амал иқдоми ҷавобии Фонд барои мусоидат дар бартараф кардани оқибатҳои пандемияи COVID -19 мебошад.
Тибқи ин қарор ба давлатҳои камбизоат ва нисбатан осебпазири аъзои ХБА барои пӯшонидани уҳдадориҳои қарзии онҳо дар назди ХБА дар давраи ибтидоӣ давоми шаш моҳи оянда грантҳо пешниҳод гардида, ба онҳо имкон медиҳад, ки захираҳои молиявии маҳдуди худро бештар барои расонидани ёрии фаврии тиббии ҳаётан муҳим ва дигар кумакҳо равона созанд.
Айни замон Фонди трастии маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои фалокат метавонад қариб 500 млн. доллари ИМА барои сабук кардани хизматрасонии қарз дар асоси грантҳо, аз ҷумла уҳдадории қаблии Шоҳигарии Муттаҳида ба маблағи 185 млн. доллари ИМА, инчунин 100 млн. доллари ИМА, ки Япония дар шакли захираҳои фавран дастрасшаванда додааст, пешниҳод намояд. Инчунин Чин ва Нидерландия низ дар бораи саҳмгузории худ омодаанд.
Ҳамзамон дар изҳороти мудири ХБА омадааст, ки «ман аз дигар донорҳо низ даъват менамоям, то барои пурра кардани захираҳои Фонди трастӣ ва тақвияти минбаъдаи имкониятҳоямон барои пешниҳоди сабукиҳои иловагии қарз давоми ду сол ба кишварҳои камбизоати аъзои ХБА ба мо кумак расонанд».








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст






