Китобхонаи дуюми Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо китобҳои нав мукаммал гардид

Апрель 16, 2020 08:21

ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи дуюми Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо китобҳои нав мукаммал гардонида шуд. Китобхона бо тамоми тартиб ва талаботи китобдорӣ таъсис дода шуда, дар он зиёда аз 1200 китобҳои тозанашр, аз қабили китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои бадеӣ, силсилакитобҳои шоирони тоҷику форс «Гулшани адаб», адабиёти ҷаҳон ва адабиёти соҳавӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷамъоварӣ гардида, истифодаи онҳо дар шакли электронӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ,  ин тадбир дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ташвиқу тарғиби китобхонӣ дар ҷомеа баён доштанд,  андешида шуд.

Китобхонаи мазкур ба маъхази маълумотӣ ва ҷустуҷӯии «Ирбис» пайваст карда шудааст, ки дар он номгӯи зиёда аз 200 ҳазор китоб ҷамъоварӣ гаштааст. Кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор додаанд, ки чунин аст: «Миллати мо аз қадим мардуми китобдору китобхон буд ва ин анъанаро ҳифз карда, бояд идома диҳем. Бидонед, ки китобхониву китобдӯстӣ инсонро ба қуллаи мурод мерасонад».

Апрель 16, 2020 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд