«КИТОБОШНОӢ». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи ба номи А. Лоҳутии шаҳри Душанбе маҳфили адабӣ-фарҳангӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 03.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷалб намудани аҳолӣ ба китобхонӣ дар Китобхонаи марказии шаҳри Душанбе ба номи А. Лоҳутӣ маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Китобошноӣ» ба фаъолият оғоз намудааст. Ҳар нафаре, ки асари тозае таълиф кунад, онро метавонад дар ин боргоҳи ҳунар муаррифӣ намояд, то дӯстдорони калому ҳунар аз он бохабар шаванд.
Дар маҳфили адабӣ-фарҳангие, ки чанде пеш доир гардид, китобҳои тозанашри номзади илмҳои санъатшиносӣ Мурод Эшонқулов зери унвони «Созҳои мусиқӣ дар низоми санъати шашмақом» ва «Созҳои миллии шашмақом» муаррифӣ гардиданд.
Дар китобҳо ҷанбаҳои гуногуни асбоби миллии халқҳои Осиёи Марказӣ – тоҷикон ва ӯзбекон мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Ин асарҳоро пажӯҳишгарони асбоби миллии тоҷикӣ ва донишҷӯёне, ки дар риштаи мусиқӣ таҳсил мекунанд, ҳамчун адабиёти таълимӣ фаровон истифода мебаранд.
Тавре муаллифи китобҳо Мурод Эшонқулов изҳор намуд, жанри суннатии Шашмақом муаррифи фарҳанги миллати тоҷик маҳсуб шуда, Пешвои миллат борҳо аз мутахассисони соҳа даъват ба амал оварданд, ки дар барқарор ва ворид намудани дигаргуниҳо ба китобҳои вобаста ба жанри шашмақом саҳми худро гузоранд. “Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳои хеш чунин таъкид карда буданд: «Гирд овардан, ҳифз кардан ва инкишоф додани ганҷинаи мусиқии касбии классикӣ ба тарбияву парвариши ҳунармандони болаёқати ин соҳа вобаста аст»,-афзуд номбурда.
Китоби «Созҳои мусиқӣ дар низоми санъати шашмақом» бештар ба истифодаи асбоби мусиқӣ дар низоми санъати шашмақом бахшида шудааст. Муаллиф зимни ҷамъоварӣ ва омӯзиши маводи илмӣ оид ба намудҳо, тарзи омодасозӣ, истифода, оҳанг ва садои асбоби мусиқӣ, мисли танбӯр, сато, дутор, чанг, уд, рубоби қошғарӣ ва афғонӣ, ғиҷҷак, доира, най ва қӯшнай маълумоти муфассалро пешкаши хонандагон кардааст. Дар китоб бобҳо оид ба таърих ва омӯзиши шашмақом, сохт ва ҷуршавии созҳои миллӣ ва таҳлили қисми мушкилот, яъне қисми навозиши шашмақом ҷой дода шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки 20 сол қабл бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 май Рӯзи шашмақом эълон гардид, ки он ҳамасола таҷлил карда мешавад. Инчунин 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгории маънавии инсоният эълон намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шашмақом ҳамчун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷикӣ умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо кард.








Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид






