КОҲИШИ РЕКОРДИИ НАРХИ НАФТ: КӢ СУД МЕБИНАД ВА КӢ ЗИЁН? Ташреҳи шореҳи иқтисодии АМИТ «Ховар»

Апрель 17, 2020 15:39

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҷаҳон талабот ба нафт ва бозори он, ки ба манбаи асосии даромади кишварҳои содироткунанда, бахусус аъзои Ташкилоти давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК+)- Амрико, Арабистони Саудӣ, Эрон, Россия, Венесуэла ва дигарон табдил ёфта буд, кам шуд. Дар се моҳи охир қимати нафт аз 70 доллари ҳар бушка то ба 20 доллар арзон шуда, қариб 50 доллар сари ҳар бушка коҳиш ёфт, хабар медиҳад шореҳи иқтисодии АМИТ «Ховар» Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР.

Яке аз омилҳои асосии коҳиши нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ- ин хуруҷи коронавирус мебошад, ки бар асари ин беморӣ  талабот ба нафт ба маротиб кам гардид. Зеро аксари давлатҳои асосии истеъмолкунандаи нафт  карантин эълон намуданд, ки ба ин восита корхонаҳои бузурги истеҳсолию саноатӣ аз фаъолият бозмонданд. Ҳамзамон як зумра кишварҳо роҳҳои ҳавоӣ, заминӣ ва баҳриро қатъ ё маҳдуд сохтанд, ки ин ба поёнравии арзиши нафт сабаб гардид. То кунун ҳеҷ кишвари тавлидкунандаи нафт зарари худро аз поён рафтани нархи он эълон накардааст, вале коршиносон мегӯянд ин зарар шояд ба миллиардҳо доллар расад.

Абдураҳими Абдуқаҳҳор

Коҳиши босуръати нархи нафт, ки дар 20 соли охир бесобиқа аст, зарбаи сахте ба иқтисоди бархе аз кишварҳои дунё мезанад. Бояд гуфт, ки рушди иқтисоди абарқудратҳо ба ин ашёи стратегӣ вобастагии  зиёд дорад.

Чанде пеш вазирони энергетикаи кишвари ОПЕК+ ва 9 кишвари берун аз он пас аз гуфтугӯи зиёд  ба хулосае расиданд, ки  дар умум 10 миллион бушка аз тавлиди худро кам кунанд. Зеро нархи як бушка нафт бо қимати 20 доллар хеле ночиз буда, иқтисоди истеҳсулкунандагоне, ки буҷеташон ба он вобастагии зиёд дорад, касри зиёд хоҳад дид.

Муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Музаффарзода зимни суҳбат бо мо гуфт,  ки масъалаи мазкур зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Чанде қабл аз ҷониби роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба субъектони асосии воридкунандаи  маҳсулоти нафтӣ ҷиҳати нархи воқеии воридоти нафт мактуб ирсол карда шуд. Субъектони мазкур, аз ҷумла «Газпромнефт»-и Россия бо таваҷҷуҳ ба нархи ҷаҳонии нафт қимати сӯзишвориро дар ҷумҳурӣ аз 10 то 20 дирам поён бурдаанд.

Ба гуфтаи Дилшод Музаффарзода,  Хадамоти зиддиинҳисорӣ  таъсири поёнравии нархи нафт ва таъсири болоравии қурби асъори хориҷиро нисбат ба асъори миллӣ  таҳлил намуда, барои муқаррар намудани нархи воқеии фурӯши махсулоти нафтӣ кор бурда  истодааст.

Дар зимн муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ изҳори боварӣ кард, ки  ЧДММ «Газпром нефт»-и Тоҷикистон дар садади боз ҳам арзонтар кардани нархи сӯзишворӣ иқдом гирифтааст ва ба зудӣ дар нархҳо тағйирот сурат мегирад.

Ба андешаи корманди Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов, бо суръат коҳиш ёфтани қимати нафт ва аз байн рафтани низоми бозор дар иқтисоди ҷаҳон мушкилот ба миён меоварад. Ба ҳамин хотир бояд тавозуни истеҳсоли нафт аз ҷониби кишварҳои истеҳсолкунандаи асосии он нигоҳ дошта шавад, ки дар ин робита гуфтушунидҳо сурат гирифта истодаанд. Вале то куҷо ин тавофуқ метавонад нархи нафтро боло барад,  вақт нишон медиҳад.

Иқтисодшиноси тоҷик Шамсиддин Ҷалолов бар он назар аст, ки яке аз сабабҳои асосии поён рафтани нархи нафт  ба созиш нарасидани Россия бо кишварҳои ОПЕК мебошад. Тавлидкунандагони нафти ҷаҳонӣ дар гузашта бо Россияву  Арабистони Саудӣ  шартнома доштанду дар ҳудуди муайяни маҳдудият истеҳсоли нафтро ба роҳ монда буданд, ки шартномаи мазкур  аввали моҳи марти соли 2020 ба анҷом расид. Бояд нимаи дуюми моҳи март созишномаи нав  байни кишварҳои ОПЕК + баста мешуд, то  Россияву Саудӣ ба коҳиш додани истеҳсоли нафт ва танзими кардани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ идома медоданд. Мутаассифона, онҳо бо сабабҳои гуногун ба хулоса нарасиданд ва тахминан як моҳ боз ҷанги нафтӣ идома дорад.

Ба суоли он ки аз вазъияти ба амал омада кӣ суд мебинаду кӣ зарар, иқтисодшиноси тоҷик, ходими калони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Собир Вазиров посух дод, ки бештар кишварҳои воридкунандаи нафт- Чин, Япония, Ҳиндустон ва дигар истеъмолкунандагон суд хоҳанд дид. Зеро нархи нафт дар ин кишварҳо нақши калидӣ дорад, бо  боло рафтани қимати нафт  хароҷоти мардум ва саноат боло меравад. Дар сурати поён рафтани нарх  ҳолати баръакс рух медиҳад.

Ҳамзамон кишварҳои истеҳсолкунандаи аъзои ОПЕК + зарари ҷиддӣ мебинанд. Ҳарчанд Федератсияи Россия барои хавфи коҳиши арзиши нафт дар фонди захираҳои давлатияш маблағи ҳангуфт дораду метавонад тайи чанд моҳ буҷеташро нигоҳ дорад, вале поён рафтани нарх ҳеҷ ба манфиати ин давлат нест.

Ба андешаи Собир Вазиров, паст шудани нархи нафт ба кишварҳои Осиё Марказӣ, аз ҷумла барои Тоҷикистон чандон ба манфиат нест. Ба гуфтаи ин иқтисодшиноси тоҷик, муҳоҷирони меҳнатии мо  дар Россия бештаранд  ва даромаднокии онҳо аз ин давлат вобастагӣ дорад. Дар сурати коҳиш ёфтани нархи нафт  қурби рулб кам мешавад, ки ин дар навбати худ зарба ба даромади муҳоҷирон аст. Ҳарчанд имрӯз нархи сӯзишворӣ то 30-40 дирам поён рафтааст, вале ин аз назари манфиати умумӣ чандон фоиданок нест. Хеле хуб шуд, ки  вазирони энергетикаи кишвари ОПЕК+ барои кам кардани истеҳсоли нафт ба созиш расиданд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Апрель 17, 2020 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид