Корхонаҳои «ММК», «ММД», «Сахо ва К» истеҳсоли маводи гигиениву антисептикӣ ба роҳ монданд
ДУШАНБЕ, 07.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии сирояти короновируси навъи COVID-19 корхонаҳои саноати хӯроквории ҷумҳурӣ, аз қабили ҶДММ «ММК»-и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Сахо ва К»-и шаҳри Гулистон ва ҶСК «ММД»-и ноҳияи Рӯдакӣ истеҳсоли маводи гигиениву антисептикӣ ба роҳ монданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳолати зарурӣ корхонаҳои истеҳсолии мамлакат имконият доранд сокинонро пурра бо маводи гигиениву антисептикӣ таъмин намоянд.
Эълон гардидани вазъияти фавқулодаи байналмилалӣ нисбат ба хуруҷи бемории коронавирус аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ андешидани тадбирҳои иловагиро вобаста ба гузаронидани амалиёти зиддиэпидемикӣ тақозо менамояд.
Вобаста ба ин, дар дастгоҳи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди дохилидоравии зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус COVID-19 ташкил карда шуда, нақшаи чорабиниҳо дар ин самт таҳия гардидааст.
Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат ҳамкории судманд роҳандозӣ гардидааст.
Тавре қаблан иттилоъ додем, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии мамлакат, аз қабили ҶДММ «Сифат Саноат», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Тоҷтекс», ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Фарм Суғд», КВД «Нури Ховар», ҶДММ «Кооператор», ҶДММ «Фармтекс», ҶДММ «КоТа Глобал» истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат дар ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» истеҳсоли рахти хоб, ҷойпӯшҳо ва либосҳои беморхонагӣ аз матои пахтагин, дар ҶСК «Гулистони Душанбе» хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, дар ҶДММ «Сифат Саноат» хилъатҳои тиббӣ ва дар ҶДММ «Фармтекс» истеҳсоли маҳсулоти косметологӣ, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва докаи тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






