Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар бораи оғози қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилии МГИМО ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Белорус дар соли таҳсили 2020-2021 эълон кард
ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оғози қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилии Донишкади муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) дар соли таҳсили 2020-2021 ва қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Белорус дар соли таҳсили 2020-2021 эълон кард. Матни эълонҳоро манзури хонандагон мегардонем:
— Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилии Донишкади муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) дар соли таҳсили 2020-2021 аз рӯи зинаи магистратура оғоз гардидааст.
Ҳуҷҷатсупори то санаи 27 апрели соли 2020 давом хоҳад кард.
Барои номнавис шудан, хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода 47) муроҷиат намоянд.
Инчунин, Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки барои соли таҳсили 2020-2021 ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Белорус аз рӯи зинаҳои гуногуни таҳсил қабули ҳуҷҷатҳо оғоз гардидааст.
Барои номнавис шудан, хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” (ш. Душанбе, кўчаи М. Турсунзода 47) муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос: 221-18-83, 223-23-59.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






