«МО ДАР ҲАМБАСТАГӢ МЕТАВОНЕМ БА ҶАҲОНИЁН НИШОН ДИҲЕМ, КИ МИЛЛАТИ БОФАРҲАНГ ВА МУШКИЛНОПИСАНДЕМ!». Муроҷиатномаи ҷамъиятҳои тоҷики Федератсияи Россия ба тамоми ҳамватанони бурунмарзӣ

Апрель 22, 2020 16:30

ДУШАНБЕ, 22.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ҷамъиятҳои тоҷики Федератсияи Россия  ба тамоми диаспораҳо, иттиҳодияҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ муроҷиатнома  қабул  кардаанд, ки онро ба АМИТ «Ховар» ирсол намудаанд. Дар муроҷиатномаи  мазкур, аз ҷумла чунин омадааст:

-Ҳамватанони азиз! Чандест, ки давлатҳои дунё ба вабое бо номи коронавирус мубтало гаштаанд. Шумо шоҳид ҳастед, ки дар натиҷаи бастани марзҳо ҳазорон нафар мусофиру муҳоҷир, сайёҳу корафтода дар кишварҳои хориҷӣ банд мондаанд. Тоҷикони мо низ, бахусус муҳоҷирон ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гаштаанд. Мақомоти Тоҷикистон ба қадри имкони хеш бо шаш парвоз аз Россия, ду парвоз аз Чин, ду парвоз аз Туркия ва як парвоз аз Дубай шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан баргардонданд. Аммо, мутаассифона,  ҳудудан сад шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Россия дармондаанд. Ин сабаби шӯру валвала дар ВАО ва сомонаҳои иҷтимоӣ гардидааст. Дар баробари чандин ҳамватани баномус ва саховатпешаи мо, ки ба ин мусофирон беғаразона кумак карданд, боз чандин ҳангомаҷӯю воҳимачии дигар аз фурсат истифода намуда, хостанд «холи сиёсӣ» ба даст оранд. Аксари онҳоро мо хуб мешиносем ва медонем, ки ин лошахӯрон ҳама вақт дар ҷустуҷӯи ҳамин гуна ҳангомаву овозаҳои бардурӯғ мебошанд.

Як ҳамватани бонанги мо Меҳриддин Идиев, ки ба чандин мусофир кумак кардааст, иброз намуд, ки ӯ ин корро ба хотири Ватан ва миллат ва аз барои савоб кардааст.

Мебинем, ки имрӯзҳо ҳазорон шаҳрвандони Россия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо низ ҳамин ҳолро доранд, вале касе аз ин ҳангома намесозад. Сомонаҳои тоҷикиро хонда, беихтиёр ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин гурӯҳакҳо дар ҳама ҳолат айб меҷӯянд. Масҷидро банданд, инро иқдоми зиддиисломӣ медонанд (дар ҳоле, ки ҳатто масҷидҳои Маккаву Мадина баста шудаанд), масҷидро кушоянд, боз ҳам инҳо норозиянд. Чунин ба назар мерасад, ки ин тоифа аз он ки дар Тоҷикистон вирус нест, зиқ шудаанд…

«Ҳамватанони сарватманд ва қудратманд ба дармондагону ҳоҷатмандон кумак ва соҳибқаламону сухангӯён мардумро ба муттаҳидӣ даъват кунанд. Мо дар ҳамбастагӣ ва якдилӣ метавонем бори дигар ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки миллати якдил, боғурур, муттаҳид, бофарҳанг ва мушкилнописандем! Мо аз тамоми диаспораҳо ва иттиҳодияҳои тоҷикон дар Россия, Қазоқистон, Аврупо, мамлакатҳои арабӣ, Чин ва ғайра даъват мекунем, ки бо мо ҳамовоз шаванд. Ҳамватанонро сарпарастӣ ва роҳбарӣ кунанд, аз ҳоли онҳо бохабар бошанд, бо сафоратҳо ва мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд. Мо боварии комил дорем, ки ин даъвати мо ба хотири шукуфоии миллат пазируфта мешавад. Тоҷикистон, ба пеш!»,- омадааст дар муроҷиатнома.

Дар идомаи муроҷиатнома гуфта мешавад, ки «ин вабо ҳазорон нафарро ҳалок карда, миллионҳо нафар ба он  гирифтор шудаанд. Мутаассифона, касе намедонад, ки он боз чанд вақт идома меёбад ва ҷони чанд ҳазори дигарро мебарад. Собит шуд, ки дар муқобили ин пандемия ягон давлати абарқудрати дунё бо тамоми иқтидору бомбаҳои атомӣ ва ҳавопаймову киштиҳояш истодагарӣ карда наметавонад. Миллиардҳо пули сарватмандону олигархҳо низ онҳоро аз вабо халос намекунад.

Ҳамчунин дар чунин шароити вазнин мо шоҳиди он гаштем, ки аксари кулли давлатҳову миллатҳо, қавму халқиятҳо, дину мазҳабҳо, коммунисту демократҳо, либералу радикалҳо ба кумаки ҳамдигар шитофтанд, якдигарро дилбардорӣ карданд, аз фалокати ҳамдигар таассуф хӯрданд.

Панди Саъдии бузургвор «Бани одам аъзои якдигаранд» баъди садсолаҳо имрӯз дар амал тасдиқ шуд».

Апрель 22, 2020 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳавои моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ мешавад
Чаро ғизои дар ҳавопаймо дастрас маззаи хӯроки маъмулиро надорад?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Бори аввал дар самти бемории рагҳои мағзи сар ҷарроҳӣ ба тариқи эндоскопӣ гузаронида шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд?
«МАҚОМИ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Масъалаи касбомӯзии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Тоҷикистон қарор дорад
ФАРҲАНГИ ИНТИХОБОТӢ. Тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин мешавад
Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои сераҳолии Тоҷикистон марказҳои касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малака таъсис дода мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад»
Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ баррасӣ шуд