Новобаста ба вазъи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ суръати рушди воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон муътадил боқӣ монд
ДУШАНБЕ, 27.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, ки рушди нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ дар семоҳаи якуми имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тамоюли мусбат касб кардааст. Дар моҳҳои январ-марти соли 2020 мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и мамлакат ба 15 миллиарду 973,8 млн. сомонӣ баробар гардидаааст, ки суръати рушди воқеияш 7,0 фоизро ташкил медиҳад. Албатта, рушди 7 %-и ММД дар давраи буҳрони шадиди молиявӣ, ки бар асари хуруҷи бемории коронавирус ба миён омадаву иқтисоди ҷаҳонро такон додааст, хушҳолкунанда аст. Зеро қисми зиёди давлатҳо натиҷаҳои рушди иқтисодии худро дар семоҳаи аввали соли равон манфӣ ҷамъбаст намудаанд.
Дар иртибот ба ҳамин масъала сардори Маркази таҳлилии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Саидмурод Зайниддинзода ба мо гуфт, ки дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурии мо дар семоҳаи аввали соли 2020 нибат ба ҳамин давраи соли гузашта бад нестанд.
Ба андешаи мавсуф, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 он 0,5 банди фоизӣ коҳишёбӣ дорад, вале дар сатҳи 7% рушд кардан хуб аст. Ба иттилои Саидмурод Зайниддинзода, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 16,9 фоиз, кишоварзӣ 7,5 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 2,1 фоиз, гардиши савдо 9,2 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 10,1 фоиз, боркашонӣ 7,0 фоиз, мусофиркашонӣ 11,2 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 7,5 фоиз таъмин гардидааст. Сатҳи таваррум дар ин давра 2,6 фоизро ташкил дод, ки ин аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 4,1 фоиз, молҳои ғайриозуқа 0,9 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонӣ 0,9 фоиз ташаккул ёфта, дар маҷмуъ рушди 7% ММД-ро ташкил медиҳад.
Сардори раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдулло Дагиев гуфт, ки гардиши савдои хориҷӣ низ моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ тамоюли мусбат касб кардааст. Яъне нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 фоиз ё 72,2 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Ба андешаи Абдулло Дагиев, тадбирҳо ҷиҳати содагардонии расмиёти савдои хориҷӣ ва ба талаботи байналмилали мувофиқ намудани ин низом имкон дод, ки доираи ҳамкории тиҷоратӣ васеъ гардад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра давлатҳои Россия, Қазоқистон, Чин, Туркия, Ӯзбекистон, Германия, Афғонистон, ИМА, Япония, Корея, Эрон ва дигарон ба ҳисоб мераванд.
Абдулло Дагиев мегӯяд, содироти мол ҳудуди 204,6 млн. долларро ташкил намудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 16,1 % коҳиш ёфтааст. Воридоти мол ба ҷумҳурӣ ба андозаи 111,5 млн. доллар зиёд шудааст, ки 15,5% афзоиш мебошад. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ҳарчанд ки тарози манфии савдои хориҷӣ ба назар мерасад, вале ҳаҷми воридот 28 % ба истеъмолот ва 72 % дар шакли сармоя ва ашёи хом ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт равона шудааст.
Дар ин давра аз Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан маъдану консентрантҳо, нахи пахта, семент, қувваи барқ, либос ва қисмҳи он, металлҳои нимқиматбаҳо ва дигар маҳсулот содирот шудааст.
Ходими калони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳо Собир Вазиров бар ин назар аст, ки “бо таваҷҷуҳ ба он ки ҷомеаи ҷаҳониро коронавирус ба даҳшат овардаву суқути рушди иқтисоди аксар кишварҳои пешрафтаву мутараққӣ ба назар мерасад, дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурии мо, аз ҷумла дар сатҳи 7% хуб аст. Бо таваҷҷуҳ ба он, ки аксар давлатҳо марзҳояшонро бастанду дар ин чор моҳ содироту воридот ба мушкил рӯ ба рӯст, вале мизони содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон бад нест”.
Ба андешаи ин иқтисодшинос, таъсири ҷиддӣ нарасидан ба рушди иқтисод пешгӯйикунанда буд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати содиротӣ нест ва воридот нисбат ба содирот зиёд аст. Дар ин давра ҷумҳурии мо ҳангоми содирот зарари камтар мебинад, зеро содироти нафт кам шуда, кишварҳои содиркунандаи ин навъи маҳсулот зарари ҷиддӣ диданд, содироти мол аз Чин кам шуд ва ин кишвар зарар дид. Вале сохтори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногуншакл аст ва ин маънои онро дорад, ки иқтисодиёти ҷумҳурӣ то андозае рушд хоҳад кард.
Собир Вазиров мегӯяд, “шояд бисёриҳо ҳайратзада бошанд, ки рушди ҷумҳурии мо дар ҳаҷми 7% дар давраи шадиди буҳронӣ аз куҷо пайдо шудааст? Мо танҳо ба ҳамин сохтмонҳое, ки дар ҷумҳурӣ идома доранд, нигоҳ кунем, мебинем, ки ин як занҷираи мукаммал аст, сар карда аз истеҳсоли семент то дигар маҳсулот, ки хушбахтона, ин раванд бомаром ҷараён дорад. Яъне низоми иқтисоди мо, ки гуногун асту низоми пулии нақдӣ аст, таъсири буҳрон ба он камтар расидааст”.
Ба гуфтаи Собир Вазиров, рушди иқтисоди мо то як андоза аз иқтисоди Федератсияи Россия низ вобастагӣ дорад. Агар вазъият беҳтар шаваду то нимаи моҳи май иқтисоди Россия ривоҷ гирад, метавон гуфт, ки таъсири он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон минималӣ буда, дар ин сурат тибқи пешгӯиҳои Созмони Осиёгии Рушд, рушди иқтисод то 4 ё 5 фоиз нигоҳ дошта мешавад. Ин дар вазъияти ҳассоси имрӯза тамоюли мусбат барои давлати мо хоҳад буд.
Дар иртибот ба таъсири рушди иқтисоди кишварҳои хориҷӣ, ки то чи ҳадду андоза осебпазир аст, коршиноси масълаҳои иқтисодӣ Собир Вазиров гуфт, бештар кишварҳое зарар хоҳанд дид, ки рушди иқтисодашон аз соҳаи сайёҳӣ, содироти нафт, молу маҳсулот ва воридот бештар аст. Махсусан кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Италия, Испания ва Франсия, ки аз ҳисоби сайёҳӣ даҳҳо миллиард доллар фоида медиданд, ҳоло осебпазир шудаанд. Тибқи таҳлилҳои Хазинаи байналмилалии асъор, то 5% коҳиш ёфтани ММД –и ин кишварҳо ба назар мерасад, ки ин хеле зарари ҷиддӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус, ки пандемияро ба вуҷуд овардааст, Созмони Милали Муттаҳид таҳлили иқтисодиеро омода ва паҳн кард, ки дар он пандемияи коронавирусро “буҳрони бадтарини башардӯстона пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон” муаррифӣ кард.
Тибқи изҳороти ин созмони бонуфуз, то охири соли 2020 дар миқёси ҷаҳон 265 миллион нафар танқисии шадиди маводи ғизоиро эҳсос хоҳанд кард. Ба 130 миллион сокини кишварҳои гуногун, ки асосан дар қитъаи Африка ба сар мебаранд, гуруснагӣ таҳдид мекунад. Дар байни сокинони минтақаҳои Ховари Миёна ва Осиё 43 миллион ва дар давлатҳои Америкаи Лотинӣ 18,5 миллион нафар аз имконияти дастрасӣ ба маводи хӯрокӣ маҳрум мешаванд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
шореҳи иқтисодии АМИТ «Ховар»