Офати табиӣ ба ноҳияи Хуросон беш аз 1,3 млн сомонӣ зарар расонд

Апрель 3, 2020 09:55

ДУШАНБЕ, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маблағи умумии хисороти  офати табиӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон беш аз 1,3 млн сомониро ташкил дода, корҳои бартарафсозии пайомадҳои он идома доранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимнан, 21 марти соли 2020 аз сабаби борони шадид дар Ҷамоати ба номи Садриддин Айнӣ, деҳаҳои Ҳалқаҷар ва Пахтакори Ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллиро сел пахш намуд. Дар ин рӯз ба заминҳои кишт асосан лойоба осеб расонидааст.

«То 2 апрел хизматчиёни низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҳхонаи 40 хонаи истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва қариб 1000 метр ҷӯйу заҳбурҳоро аз лою об ва пайомадҳои дигари сел тоза намуданд. Корҳо оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Тибқи натиҷаҳои кори Комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, хисороти офати табиии мазкур муайян гардид. Дар натиҷаи он ду хонаи истиқоматӣ, 6,3 километр роҳи мошингарди деҳот, 7,3 километр хатҳои обёрӣ ва канал, 7,3 километр хати заҳбуру обрав ва 186 иншооти ёрирасон қисман осеб дидаанд.

24 март 50 нафар афсарону сарбозони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, беш аз 400 нафар волонтёрони ҷавон, зиёда аз 30 нафар миробҳо ва мутахассисони Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ба маъракаи рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар маҳалли зикршуда пайвастанд.

Бо дастури Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои вусъат бахшидан ба корҳои бартарафсозӣ сӯзишворӣ, мошинҳои калони борбари «Дулан», эксковаторҳо ва ғайра ҷалб карда шудаанд.

Акс аз бойгонӣ

Апрель 3, 2020 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд