Озмуни лоиҳаи экологӣ барои мактаббачагон ба Рӯзи байналмилалии Замин бахшида шуд

Апрель 22, 2020 15:45

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии Замин дар шаҳри Душанбе озмуни лоиҳаи экологӣ барои мактаббачагон оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид. Дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуда, лоиҳаи омода намудаи худро муаррифӣ ва пешниҳоди ҳакамон гардониданд.

Хонандаи синфи 9-и мактаби миёнаи умумии №55 шаҳри Душанбе  Абдулло  Абдураҳимов дар муаррифии лоиҳаи гурӯҳии худ роҳҳои тоза намудани  каналҳоро иброз дошта, зикр намуд, ки далелҳои асосии ифлосшавии табиат — ин сараввал маърифати  пасти экологии бархе аз  одамон мебошад. Зеро ин нафарон дидаву дониста, партовҳои худро на дар ҷойҳои махсус, балки дар атрофи ҷойҳои истиқоматии худ мепартоянд. Имрӯз қисми зиёди ин партовҳоро  зарфҳои пластикӣ ташкил медиҳанд. Бештари онҳо дар дохили ҷӯйбор ва каналҳои обгузар партофта мешаванд. Ин бешубҳа, аз дониши хуби  экологӣ надоштани ин гуна шаҳрвандон дарак медиҳад, ки қонунҳои экологиро риоя накарда, табиатро бо  дастони худ ифлос мекунанд.

Ҳамчунин номбурда мегӯяд, ки ҳадаф аз омода намудани лоиҳаи мазкур- ин тоза нигоҳ доштани каналҳои обгузар ва ба ҳусни шаҳри Душанбе ҳусни дигар зам намудан аст.

Рӯзи байналмилалии Замин соли 1970 дар Амрико дар Иҷлосияи 63-юми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид  эълон гардидааст.  Ин рӯзро дар баробари ИМА беш аз 192 давлати дунё  ҷашн гирифта, онро ба анъанаи ниҳолшинонӣ алоқаманд мекунанд.

Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳолии сайёра ба тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи сайёра мебошад.

Ҷашн гирифтани Рӯзи Замин аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дошта, ин рӯз дар аксар кишварҳои дунё бо ташаббус ва иқдомҳои наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ роҳандозӣ карда мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 22, 2020 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст