Пеш аз бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» нишасти матбуотӣ доир гардид

Апрель 4, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 04.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз пеш аз  баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо иштироки  сармураббиёни  дастаҳои   «Хуҷанд» ва «Истиқлол» нишасти матбуотӣ  баргузор шуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Сармураббии дастаи футболи  «Хуҷанд»-и Хуҷанд Никола Лазаревич дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт, ки «мо аллакай бо дастаи  «Истиқлол» дар чорчӯби КФО рақобат доштем, аммо ин дидори дигар аст. Бозӣ барои Суперҷом дигар аст. Барои бозӣ бо  дастаи  «Истиқлол»  90 дарсад омода шудаем, даҳ дарсади дигарашро бозии дар пеш буда муайян мекунад».

Сармураббии дастаи  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  Виталий Левченко   гуфт, ки бовар дорад бозӣ  ҷолиб ва диданӣ мегузарад. Ӯ афзуд, ки «мо тибқи нақшаи худамон, барои пирӯзӣ пеш меравем ва ҳар дастае қавитар бошад, ҳамон даста ғолиб мегардад».

Ҳамчунин дар идомаи  нишасти матбуотӣ бозингари дастаи «Истиқлол»  Алишер Ҷалилов изҳор намуд, ки рақобати Суперҷом танҳо як бозӣ аст ва ҳарчӣ дар тавон дорем, ба кор мебарем.

Зимнан ҳарду ҷониб ҳам иброз доштанд, ки футбол бо мухлисон дар майдон зеб дорад, аммо дар вазъияти мавҷуда тасмими масъулон дар хусуси баргузории мусобиқа бидуни иштироки мухлисон дар варзишгоҳро тақозои замон мешуморанд.

Ёдовар мешавем, ки бозии Суперҷоми Тоҷикистон байни  дастаҳои  футболи  «Хуҷанд»-и Хуҷанд  ва «Истиқлол»-и  Душанбе имрӯз, соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  баргузор  мегардад.

Апрель 4, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд