Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ниёзмандон кумак кунем, ин рӯзҳо низ мисли давраҳои аз ин вазнинтар ҳатман мегузаранд»
ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони муҳтоҷ ёрмандӣ кунем ва бовар дошта бошем, ки ин рӯзҳо низ мисли давраҳои аз ин вазнинтар ҳатман мегузаранд. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум иброз намуданд.
Ҳамчунин Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам бо сабаби буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодиву молиявӣ ва ҳам аз нигоҳи амниятиву бехатарии ҳар як давлат ва шаҳрвандони он аз оғози ҳазораи нав ва махсусан, аз ибтидои соли 2020 нисбат ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон рӯз ба рӯз вазнину хатарноктар гардида истодааст.
Пешвои миллат бо ишора ба ин вазъият таъкид намуданд, ки «дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.








Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид






