«Спитамен Бонк»: ҳамёни QIWI-ро дар нуқтаҳои хизматрасонии бонк метавонед мушаххас намоед
ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд ҳамёни QIWI-ро дар нуқтаҳои хизматрасонии «Спитамен Бонк» мушаххас (идентификатсия) кунанд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Бақайдгирии пурра имкониятҳои пардохтии корбарони QIWI –ро ба таври назаррас васеъ менамояд, маҳдудиятҳо оид ба интиқоли маблағ ва бақияи ҳисоби электронии ҳамёнро зиёд мекунад, инчунин дастрасиро ба пардохт дар сомонаҳои ширкатҳои хориҷӣ, интиқол ба ҳамёнҳо, суратҳисобҳои бонкӣ ва кортҳо ё тавассути интиқоли маблағҳо фароҳам меорад.
Барои гузаштани аз бақайдгирӣ мебояд ба филиалҳои Спитамен Бонк бо шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, аризаи мушаххасозиро имзо кард.
Давоми 3 рӯзи корӣ ба соҳиби ҳамёни QIWI дар барнома огоҳинома меояд, яъне ариза барои мушаххассозӣ, ки дар он бояд рақами шиноснома тасдиқ карда шавад.
Пас аз бақайдгирӣ ҳолати ҳамён бо назардошти тағйироти дар ҷадвали зер овардашуда аз «Камтарин”(“Минимальный”) ба “Касбӣ” («Профессиональный») иваз мешавад:
| Хизматрасониҳо | Минимальный | Профессиональный |
| Бақияи имконпазири тавозун то | 15 000 рубл | 600 000 рубл |
| Пардохт ва интиқол то | 40 000 рубл дар як моҳ | 4 000 000 рубл дар як моҳ |
| Маблағи иҷозатдодашуда барои як амалиёт то | 15 000 рубл | 500 000 рубл |
| Нақдикунонии маблағи QIWI кортҳо | имконнопазир | 100 000 рубл дар як руз |








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






