«Тоҷикматлубот»: «Мавсими ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ ва картошка оғоз шуда, ин маҳсулот бо нархи арзон дастраси мардум мегарданд»

Апрель 7, 2020 09:17

ДУШАНБЕ, 07.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди дохилиидоравии Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» қарор кард, ки масъулин дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор дар тамоми бозорҳои ҷумҳурӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида, савдогарон тозагӣ, меъёрҳои гигиению беҳдоштиро риоя намуда, аз маводи муҳофизатӣ, аз ҷумла ниқобҳо ва дастпӯшакҳо истифода баранд. Ҳамзамон  масъулин супориш гирифтаанд, ки ҷиҳати боло нарафтани нарху наво дар бозорҳо барои овардан ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти ниёзи аввали кишоварзӣ тадбирҳои амалӣ андешиданд. Мавриди зикр аст, ки дар баъзе минтақаи мамлакат аллакай пиёзи барвақтӣ ва картоштаро ҷамъоварӣ намуда истодаанд, ки баъди чанд  рӯзи дигар  ин маҳсулот бо нархи арзон дастраси мардум мегарданд. Ин матдабро сардори шуъбаи бозорҳои Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Талбак Худоёров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён намуд.

Талбак Худоёров  иброз дошт, ки «тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо нархи маводи мавриди ниёзи аввали ғизоӣ дар бозорҳои мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳода, сабаби нигаронии мардум гардидааст. Баланд шудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин мавсим маъмулӣ мебошад. Зеро дар ин шабу рӯз  ниёз ба маҳсулоти кишоварзӣ бештар мегардад. Масалан, ба картошка, ки яке аз маҳсулоти асосии хӯроквории мо  шумор меравад.

Мавсуф иброз намуд, ки Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар ин шабу рӯз аз минтақаҳои мамлакат, ки ҳосили кишти барвақтӣ ҷамъоварӣ менамоянд, маҳсулотро  дастрас намуда, пешкаши сокинони мамлакат гардонида истодааст. Ҳамчунин бо мақсади пешгирии болоравии нархи маводи озуқа дар бозори истеъмолӣ ва таъмин намудани аҳолии пойтахт бо маҳсулоти тоза дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар Бозори «Меҳргон» ярмаркаи доимоамалкунанда аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» таъсис дода шудааст, ки сокинони мамлакат метавонанд маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро бо нархи арзон дастрас намоянд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ташкил намудани ярмарка яке аз роҳҳои пешгирии болоравии нарх аз ҷониби соҳибкорон мебошад.

Раёсат барои таъмини аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар ҳаҷми умумӣ  2375 тонна сабзавот, меваи тару тоза ва 200 ҳазор қуттӣ консерваи сабзавот, инчунин 960 тонна ангишт захира намуда, аҳолии мамлакатро таъмин намуд. Имсол дар назар аст, ки захираи маҳсулот зиёд карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки  хоҷагии деҳқонии «Фарғона» дар Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон  ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шурӯъ намуданд. Хоҷагидорон дирӯз  5 тонна пиёзи ғункардаашонро ба шаҳри Кӯлоб равон намуданд. Пиёзи барвақтӣ бо нархи аз 2,5 то 2,80 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Тавре  муовини якуми раиси ноҳияи Панҷ  Шарофиддин Асомиддинзода иброз дошт,  дирӯз, 3 апрел аввалин шуда дар ҷумҳурӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ ва содироти дохилии  он оғоз гардид.

«Хоҷагии деҳқонии “Фарғона” дар 30 гектар замини дар ихтиёрдоштааш пиёз кишт кардааст, ки айни ҳол ҳосили 10 гектари он омода гардидааст.  Дар сурати пайдо шудани харидор кишоварзон метавонанд пиёзро ҷамъоварӣ намоянд. Дар ноҳияи Панҷ дар мавсими имсола дар майдони 370 гектар пиёз кишт шудааст. Тибқи арзёбии мутахассисон, аз ин майдон беш аз 10 ҳазор тонна ҳосил ғундоштан мумкин аст», — гуфт номбурда.

Апрель 7, 2020 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд