Тоҷикобод 50 нафар ҷавонони ватандӯсти далерашро ба сафи Артиши миллӣ сафарбар намуд
ТОҶИКОБОД, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни бинои коммиссариати ҳарбии ноҳияи Тоҷикобод 61 нафар даъватшудагон бо мақсади аз ташхиси тиббӣ гузаштан бо либосҳои варзишӣ ҷамъ омаданд. Баъди баргузории муоинаи тиббӣ аз байни даъватшудагон 50 нафарашон ҳамчун ҷавонони солим барои хизмат интихоб шуда, ба сафи Артиши миллӣ сафарбар шуданд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба хотири гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид, раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло зикр намуд, ки бо Фармони Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 марти соли 2020 даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
«Ҷавонони шуҷою ғаюри ноҳияи Тоҷикобод ба комиссариати ҳарбии ноҳия омада, аз омодагӣ барои адои қарзи шаҳрвандии худ дарак доданд. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан -вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ ҳар як ҷавони ба синни даъватӣ расида бояд бо ифтихор ва сарафрозӣ, бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди миллӣ ба дифои марзу буми Ватан омодагӣ гирифта, қарзи шаҳрвандии хешро дар назди Модар-Ватан иҷро намояд. Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз обутоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо меёбад»,- зикр намуд Ҳамидулло Маҳмадшозода.
Дар ҷамъомад ҳамчунин собиқадорони ҷангу меҳнат ва падару модарони наваскарон сухан гуфта, ҷавононро ба хизмати Ватан — Модар ҳидоят намуданд.
Дар хатми он ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо рақсу сурудҳои дилнишин хотири наваскаронро шод намуда, онҳоро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






