«ВАО ДАР ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ ҶАВОНОН НАҚШИ МУҲИМ МЕБОЗАНД». Дар Душанбе ҳамоиши навбатии маҳфили «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» доир гардид

Апрель 3, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши навбатии омӯзишии маҳфили «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бо иштироки директори    Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саидалӣ Сиддиқ ва доираи васеи ҷавонони фаъол аз донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат доир гардид.

Ҳамоиши навбатӣ ба мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули тафаккури ҷавонон» бахшида шуд.

«Пеш, дар замони шуравӣ, дарҳо баста буданд, шаҳрвандони мо  ба хориҷа аҳёнан сафар мекарданд. Дар мамлакат теъдоди ВАО ангуштшумор буд, — иброз намуд дар ҷараёни суҳбат директори АМИТ «Ховар». —  Ҳоло, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод» эълон намудааст, ин мушкил аз байн рафтааст. Имрӯз теъдоди рӯзномаҳое (ба маънии маъмулии «газета» – тавзеҳи АМИТ «Ховар»), ки дар Тоҷикистон  ба қайд гирифта шудаанд,  аз 300 номгӯй зиёд аст, ки тахминан фақат 50 ададашон давлатӣ мебошанд. Қариб 200 маҷалла  чоп мешаванд, ки аз онҳо  танҳо ҳудуди 15 номгӯйро маҷаллаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд. 9 агентии иттилоотӣ фаъолият мекунанд, ки миёнашон танҳо АМИТ «Ховар» мақоми давлатӣ дорад. Ғайр аз ин, ба ҷуз шабакаҳои давлатии телевизион ва радио, беш аз 70 шабакаи ғайридавлатии  телевизиону радио ба қайд гирифта шудаанд. Бар замми ин ҳама, шабакаи интернет бо садҳо саҳифаю сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо иттилооту маълумот мерасонад. Агар хато накунам, беш аз 1,5 миллион нафар аҳолии кишвари мо аз интернет ва 3 миллиону 800 ҳазор нафар аз телефонҳои мобилӣ истифода мебаранд. Яъне имрӯз бозори иттилоот чунон бою рангин аст, ки муштарӣ сари калобаашро гум мекунад, дар он ҳам бо донишманду мутафаккири закӣ вохӯрдан мумкин, ҳам бо ашхоси бесаводу бетарбия, ҳам бо одамони асил, ҳам бо фиребгару ҳаннот, ҳам бо муъмину мусалмон, ҳам бо аҳли хурофот,  ҳам бо вататандӯстон, ҳам бо бегонапарастон ва эсктремисту террористон.  Ин бозор мисли баҳри бетагу бекаронест, ки  агар кас ғаввоси моҳир ва чолоку зирак набошад, метавонад ғарқ ва тӯъмаи ҳайвоноти ҳавфноки обӣ  шавад».

Зикр гардид, ки воситаҳои ахбори омма дар раванди ташаккули афкори ҷомеа, хусусан тафаккури ҷавонону наврасон  нақши муҳим мебозанд ва аз ин лиҳоз зиндагӣ ва кору таҳсил кардан дар ҷомеаи иттилоотӣ аз ҳар яки мо масъулияти ҷиддиро талаб менамояд. Дар чунин айём мо бояд хубро аз бад, сараро аз носара ва, чуноне мегӯянд, шолиро аз курмак (як навъ растании бегона, ки дар миёни шолӣ месабзад ва донаҳояш аз арзан калонтар ҳастанд – тавзеҳи АМИТ «Ховар»)  ҷудо карда тавонем, то ки ҳам ба худамон ва ҳам ба наздикону атрофиёнамон зиён не, балки манфиат расонем. Билхоса дар айёме, ки ба воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон, ки пайваста зебову шукуфон мегардад, иддае аз расонаҳо, рӯзноманигорон ва ба ном коршиносону блогерҳо аз паси айнаки сиёҳ менигаранд ва ҳама ҷо ва ҳама чизро сиёҳ тасвир мекунанд. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бештар омӯзанд, доно ва ҳушёру зирак бошанд, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дошта бошанд ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба бадхоҳон ва каҷназарон бо далелу бурҳон посух бигӯянд.

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нодир дар таърихи миллати тоҷик мебошанд ва бароямон муҷиби ифтихор аст, ки дар замони  ин шахсияти бузург зиндагӣ ва дар паҳлуи он кас кору фаъолият мекунем. Азбаски шумо ташкилоти худро «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» номидаед, бояд сифат ва хислатҳои наҷиби Сарвари давлатамон, амсоли донишу заковати васеъ, ақлу фаросати бузург, ҷасорату қатъият, меҳнатдӯстӣ ва мушкилнописандӣ, ватанпарварӣ ва ифтихори миллиро шиори ҳамешагии худ қарор диҳед», — зикр намуд Саидалӣ Сиддиқ..

Дар маҳфил аз ҷониби донишӯёни фаъоли ҷумҳурӣ суолу пешниҳодҳои зиёд  ироа  гардиданд, ки ба онҳо  директори  АМИТ «Ховар»  бо мисолҳо ва далелҳо посух гуфт.  Аксар ҷавононе, ки  дар ин  маҳфили  омӯзишӣ иштироки фаъолона  доштанд, волонтёрони  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ буданд. Онҳо доир ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷавонон, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардаанд, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,   даъват ба омӯхтани илму дониш, хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан ва дӯст доштани cарзамини  аҷдодии хеш суҳбат намуданд.

Аз ҷумла, аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод карда шуд, ки ба ҷои ҳар гуна видеороликҳои бемазмуне, ки  дар сомонаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд, хуб мешуд силсилафилмҳои тоҷикие, ки хусусияти тарбиявӣ доранд ва фарҳангу маданияти волои моро инъикос ва тарғиб менамоянд,  ба намоиш гузошта шаванд.

Мавриди зикр аст, ки волонтёрӣ  мактаби бузурги далериву шуҷоат буда, инсон дар он донишу малакаашро сайқал медиҳад, таҷрибаи кору зиндагӣ меомӯзад,  саҳми худро дар пешрафти ҷомеа мегузорад. Ҳоло дар ҷомеа мафҳуми волонтёрӣ ва муҳим будани хизмати онҳо хуб дарк гардидааст. Ҳамарӯза шумораи волонтёрон аз ҳисоби ҷавонон зиёд мегардад. Онҳо бештар кӯшиш мекунанд, ки  дар ин рӯҳия тарбия ёфта, вақту дониш ва имконияти  худро  ба фоидаи ҷомеа сарф намоянд.

Ҷавонон зимни маҳфил иброз доштанд, ки аз узвият ва фаъолият дар Ташкилоти  ҷамъиятии «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» ифтихор доранд ва донишу малакаи худро мехоҳанд барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон сарф намоянд.

«Мо дар ҳама ҳолат, новобаста аз мушкиливу монеаҳо барои хизмати содиқонаву софдилона ба Ватан омодаем!», —  иброз доштанд онҳо.

Апрель 3, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Солномаи «Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид
Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои сераҳолии Тоҷикистон марказҳои касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малака таъсис дода мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад»
Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ баррасӣ шуд
Дар панҷ соли оянда дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Кӯлоб кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд
Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд