Вазорати молия дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ қоғазҳои қиматноки давлатиро ба муомилот мебарорад

Апрель 22, 2020 11:55

ДУШАНБЕ, 22.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоғазҳои қиматноки давлатиро дар шакли вексели давлатӣ ба маблағи 300 миллион сомонӣ ба муомилот мебарорад. Ин тадбир бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ ба соҳаи иқтисоди миллӣ, бахусус рӯйпӯш намудани касри буҷети давлатӣ роҳандозӣ шуда, он ба муҳлати панҷ сол бо меъёри ду фоизи солона роҳандозӣ мегардад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоҳир Зокирзода дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, қарори дахлдор қабул гардид.

Масъалаи мазкурро дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҳаким Холиқзода шарҳ доданд.

Зикр шуд, ки векселҳои давлатӣ бо асъори миллӣ дар шакли қоғазҳои қиматноки давлатӣ мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлати Ҷумҳурии Тоҷкиистон» ҳамчун  яке аз манбаъҳои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳо ба иқтисоди миллӣ муқаррар гардидаанд.

«Вобаста ба вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон, бахусус бамаротиб зиёд шудани эҳтиёҷоти соҳаи иқтисоди миллӣ ба маблағгузориҳои иловагӣ, пеш аз ҳама, соҳаҳои иҷтимоӣ истифодаи ин механизм ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад»,- иттилоъ дод Файзиддин Қаҳҳорзода.

Ба гуфтаи мавсуф, барориши қоғазҳои қиматноки давлатӣ дар навбати худ барои рушди бозори дохилии ин навъи қоғазҳо мусоидат намуда, усули бехавфтарини ҷалби маблағ барои харидорони онҳо ба шумор меравад.

«Манзур ин аст, ки қоғазҳоро давлат мехарад ва кафолати хизматрасонияшонро пурра ба зиммаи худ мегирад»,- афзуд Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар баробари ин, вобаста ба тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ хизматрасонии он аз буҷети давлатӣ сарбории иловагӣ талаб намекунад.

«Дар сурати ба муомилот баровардани векселҳои давлатӣ дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ ҳаҷми умумии қарзи дохилии давлатӣ ба 7,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ  8,9 фоизро ташкил хоҳад дод», — гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Дар маҷмӯъ, иттилоъ дода шуд, ки афзоиши ин нишондиҳанда ба меъёри умумии қарзи давлатӣ, ки дар Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 муқаррар шудааст, зиёд намебошад.

Бо назардошти муҳимияти масъала вакилони мардумӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ҷалб намудани қарзи давлатӣ ҷиҳати барориши қоғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли векселҳо якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Аксҳо аз бойгонӣ

Апрель 22, 2020 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид