Вазорати нақлиёт: Роҳи Душанбе — Хоруғ кушода аст
ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе — Хоруғ кушода буда, ҳаракати муназзами ҳама намуди воситаҳои нақлиёт дар он таъмин гардидааст. Масъулин роҳро аз барф тоза карда, бо маводи зиддилағжиш коркард менамоянд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 8 апрел дар ҷумҳурӣ борони бошиддат борида, он ба барфи тар мубаддал гардид. Бориши барф то нимаи аввали рӯзи 9 апрел идома ёфт.
«Давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон бинобар боридани барф ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст»,- иброз намуд котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.
«Дар ин замина барои анҷом додани корҳои пешгирикунанда дар самти ҳифзи аҳолӣ аз рух додани ҳодисаҳои табиӣ, алалхусус ҳангоми ҳаракат тариқи роҳҳои кӯҳӣ, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар якҷоягӣ бо кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт ва филиали ширкати «IRS» навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуд»,- афзуд манбаъ.
Тибқи иттилои муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии мамлакат Парвина Саидҷамолова, пагоҳ, 10 апрел дар мамлакат ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд.
«Аз 11 то 13 апрел боз ворид шудани ҳавои намнок ва номусоидии он пешгӯӣ шудааст. Дар ин рӯзҳо дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ — доманакӯҳҳо боридани борон ва барф дар назар аст»,- иброз дошт Парвина Саидҷамолова.
Котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар роҳҳои мошингарди «Душанбе-Чаноқ» «Душанбе –Лахш» ва «Душанбе–Хоруғ» то ба эътидол омадани ҳаво нуқтаҳои навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки дар доманакӯҳҳо зиндагӣ мекунанд, муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз роҳандозии корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.
«Зеро бориши зиёди борону барф хатари омадани сел, фаромадани ярч, тарма ва сангрезиро дар ин муддат зиёд мегардонад»,- гуфт Умеда Юсуфӣ.
Дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохуш шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягона- 112 ё қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо рақами 93 880 28 19 ва 223 13 11, инчунин Раёсати КҲФ дар ш.Душанбе:
225-44-73, 225-44-76, 225-44-90
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
(83222) 2-35-05, 2-78-28
Раёсати КҲФ дар ВМКБ:
(83522) 2-40-57, 2-53-47
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
(83422) 6-58-72, 5-15-5
дар тамос шаванд.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






