Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА мавқеи худро дигар накард

Апрель 10, 2020 09:05

ДУШАНБЕ, 10.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел ФИФА рейтинги нави дастаҳои мунтахаби футболи сайёраро нашр  намуд. Дастаи футболи мунтахаби  Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мавқеи худро дигар накард. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳоло  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон бо касби 1152 хол дар мақоми 121 қарор дорад. Дар робита ба таваққуф дар пасманзари пандемияи коронавирус мавқеи дастаҳо ва нишондиҳандаҳои холҳо дар мавқеи худ бетағйир монданд. Тағйироти бештарро дар шумораи холҳо дастаи мунтахаби Беларус, ки 3 балл ба даст овард  ва дастаи мунтахаби Ӯзбекистон, ки ҳамин миқдор холҳоро аз даст додаанд, ворид карданд.

Дастаи миллии Белгия бо касби 1762 хол садрнишини ҷадвал мебошад. Дар зинаи дуюм дастаи  мунтахаби   Франсия бо касби 1733 имтиёз ва дар ҷойи сеюм дастаи  мунтахаби  Бразилия бо касби 1712 хол ҷойгир шудаанд.

Мавқеи 10 дастаи мунтахаби   сайёра:

1. Белгия (1765 хол)
2. Франсия (1733)
3. Бразилия (1712)
4. Англия (1661)
5. Уругвай (1645)
6. Хорватия (1642)
7. Португалия (1639)
8. Испания (1636)
9. Аргентина (1623)
10. Колумбия (1622)
…..
121. Тоҷикистон (1152)

Апрель 10, 2020 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд