Муассисаи ободонию кабудизоркунии шаҳри Ҳисор: ҳосили зироати полезӣ ба кормандон ройгон тақсим мешавад
ДУШАНБЕ, 23.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истифодаи самараноки ҳар ваҷаб қитъаи замини корам дар заминҳои хоҷагии ёрирасони Муассисаи ободонию кабудизоркунии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ки ба парвариши гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ороишӣ машғул аст, парвариши зироати полезӣ ба роҳ монда шуд.
Директори Муасисаи ободонию кабудизоркунии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Мӯсо Сироҷов мегӯяд, ки ҳосили ин зироати полезӣ ба кормандон ройгон тақсим карда мешавад.
Муассисаи мазкур ду сол қабл ташкил шуда, барои таъсиси хоҷагии ёрирасон бо қарори раиси шаҳр 1 га замин ҷудо карда шуд. Имрӯз дар хоҷагии зикршуда дар баробари парвариши ниҳолу буттаҳои ороишӣ беш аз 100 000 бех гулҳои гуногун парвариш меёбанд. Агар соле қабл мақомоти иҷроияи ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ гулу бутта ва дарахтони сояафкану ороишӣ харидорӣ карда бошанд, минбаъд хоҷагӣ дар баробари таъмини талаботи сокинон метавонад онро ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳам фурӯшад.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода зимни боздид аз заминҳои хоҷагии Муассисаи ободонию кабудизоркунӣ ба масъулин супориш дод, ки навъҳои гулу бутта ва ниҳолҳоро афзун намуда, ба парвариши онҳо эътибори бештар диҳанд.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






