Сарвари давлат ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. 29 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳияи Данғара ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз бахшиданд.
Иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизб ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати фаъолият дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Иншоот бо истифода аз санъати хоси меъмории миллӣ бунёд карда мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар бино 26 ҳуҷраи корӣ, 3 маҷлисгоҳ бо 200, 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои омӯзишӣ — методӣ, хонаи вакилон ва ошхона таъсис дода мешаванд.
Дар ошёнаи панҷуми бинои ҳизбӣ бо назардошти талаботи давру замон меҳмонхона бо 7 ҳуҷра ва як утоқи маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони иншоот ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бино бо ҷалби сохтмончиёни ватанӣ сохта мешавад ва зимни корҳо то 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни украинӣ таҳия ва пешниҳод гардида, бино бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ сохта мешавад.
Дар назди бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ҳамзамон бунёди таваққуфгоҳ барои 30 адад воситаи нақлиёт пешбинӣ гардида, атрофи иншоот дар доираи тадбирҳои ободонӣ гулпӯш карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба масъулон ҷиҳати назорати ҷиддии сифати корҳои сохтмонӣ ва истифода аз маҳсулоти аълосифат дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизб бунёди бинои навро дар самти боз ҳам беҳтар гардидани сифати фаъолият ва тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат муҳим арзёбӣ карданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






