Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Суди ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд

Май 29, 2020 08:06

ДУШАНБЕ, 29.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нав ва хуштарҳу замонавии Суди ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бинои Суди ноҳияи Данғара аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар идомаи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти беҳтар намудани шароити корӣ барои кормандон, сохта ба истифода дода шудааст.

Дар бинои Суди ноҳия барои баргузории маҷлисҳои судӣ чор толори барҳаво, аз ҷумла барои баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуд аст, ки онҳо дорои шароити хуби корӣ мебошанд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси китобхонаҳо дар назди муассисаю идораҳо дар бинои Суд низ китобхонаи барҳаво бо теъдоди 600 нусха адабиёти соҳавию бадеӣ ва китобхонаи электронӣ дар ҳаҷми 10 000 китоб ва ду бойгонӣ ташкил карда шудааст.

Ин иқдом ҷиҳати дастрасии кормандони мақомоти Суд ба навовариҳо ва истифода аз махзанҳои гуногун дар ҷараёни баррасии одилонаю шаффофи парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидати фаъол мекунад.

Дар бинои замонавии Суд ҳамчунин утоқҳои кории Идораи нотариалии давлатии ноҳия, Хадамоти иҷро, Маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳия ва Шуъбаи корҳои ислоҳӣ ҷойгир карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нав ва суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо ин мақсад дар даврони соҳибистиқлолии кишвар давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба сомон расонида, дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ бо қабул ва татбиқи барномаҳои гуногун тадбирҳои назаррас ба сомон расонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити нав дар бинои Суди ноҳияи Данғара ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, ба кормандони соҳа ҷиҳати ҳимояи шаъну шарафи судя, анҷоми ваколатҳои хизматӣ бо маҳорати баланди касбӣ ва хизмати содиқонаву беғаразона ба халқу Ватани азиз дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Роҳравҳои атрофи бино дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ дар масоҳати 847 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, ҳамзамон дар масоҳати 500 метри мураббаъ бо шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногун кабудизор карда шудааст.

Атрофи иншоот бо чароғҳои гуногуни ранга оро дода шудааст, ки шабона манзараи хеле зебо дорад.

Ифтитоҳи бинои Суди ноҳияи Данғара 29.05.2020

Май 29, 2020 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд