ҲАМОВОЗИИ БЕСОБИҚАИ ҲАМВАТАНОН БА ДАЪВАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг дар мубориза бо пандемия саҳм гузоштанд

Май 16, 2020 12:34

ДУШАНБЕ 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ҷиҳати пешгирии паҳншавии COVID-19 ва табобати гирифторони бемории сироятии коронавирус кормандони вазорату идораҳо, муассисаю донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат, соҳибкорони саховатпеша дар пайравӣ ба иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро гузошта истодаанд.

Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар» Раъно НУСРАТУЛЛОЗОДА.

Дар ин рӯзҳо дастгирӣ намудани беморону ниёзмандон ва бахусус табибон амали неку савоб арзёбӣ мешавад.

Бо пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 50 оилаи  табибони Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон кумаки моддӣ, аз қабили орд, равған, шакар ва биринҷ дастрас намуд.

Дар доираи ин кумак аз ҷониби вазорат ба беморхонаи мазкур   ҳамчунин лавозимоти зарурӣ, аз қабили либосҳои махсус барои табибон, дастпӯшакҳо, маводи антисептикӣ, хлор ва ниқобҳои тиббӣ низ супорида шуд.

Вазъи кунунии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, моро водор менамояд, ки дар чунин вазъияти ногувору вазнин дар паҳлўи ҳам бошем ва то қадри имкон ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз намоем.

13 май бо ибтикори Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» 25 халта орд, 75 литр равған, 300 килограмм картошка, 200 килограмм пиёз ва барои 25 нафар табибон пакетҳои алоҳида кумаки башардӯстона расонида шуд.

Ҳамзамон роҳбарият, ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишкада ба табибони ҳозиқ, ки имрӯзҳо баҳри ҳифзи солимии мардум хизмати шабонарӯзӣ карда истодаанд, арзи сипоси бепоён намуданд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеи он баҳри муқовимат ба паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ намуда истодаанд.

Аз ҷумла, то имрӯз барои дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ ва гирифторони бемории  коронавирус аз ҷониби дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои зерсохтори он 40 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳвил дода шудааст.

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал аз ҳисоби маблағҳои махсус 50 ҳазор сомонӣ ва дар марҳилаи дуюм аз ҳисоби музди чандрӯзаи маоши кормандони худ, ки ҷамъ 80 ҳазор сомониро дарбар мегирад, ба фонди КОВИД-19, ки барои ба табобат фаро гирифтану муолиҷа намудани сироятёфтагони ин вирус равона гардидааст, кумак намуд.

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ният дорад инчунин 300 дона болопӯш(халат) ва 300 дона ниқоби муҳофизаткунанда барои пешгирӣ ва сироят наёфтани табибон кумаки хайриявӣ намояд.

Имрӯз дар доираи аксияи «Барои зиндагии шоистаи мардум» бо иқдоми вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Лоиқҷон Ашуров дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бо сокинони кӯчаҳои М.Мастонгул, Ҷавонон, М.Ғуломов, У.Зоконӣ, Р.Афардӣ, маҳаллаҳои Улуғбек, Гастелло, МИМ 7 вохӯрӣ доир шуда, ба 57 оилаи ниёзманд кумакҳои хайриявӣ расонида шуд. Аз ҷумла, 280 адад ниқобҳои муҳофизатӣ, 115 адад маводи антисептӣ, ба ҳар оила  1 халта (50кг) орд, 5 литр равған, 5 кг биринҷ ва 5 кг шакар  дастрас гардид.

Ҳамчунин дирӯз дар доираи аксияи мазкур ба афсарону сарбозони қисми ҳарбии 02615 маводи озуқаворӣ, аз қабили гӯшт, картошка, пиёз, равған, шакар, биринҷ, сабзӣ, мош, наск, лӯбиё, карам, ярмаи ҷав, макарон, помидор, бодиринг, шалғамчаи сурх, кабудиҳо, 720 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва 385 адад маҳлулҳои антисептӣ расонида шуд.

Зимнан Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ва намояндаи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Лоиқҷон Ашуров дар мулоқот бо сокинон ин кӯчаҳо оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, махсусан СОVID-19, беҳдошти ҳолати санитарию гигиенӣ, риояи ҳатмии талаботи санитарию эпидемиологӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва худдорӣ намудан аз гашту гузорҳои безарурат дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ дастурҳои муфид доданд.

Бо мақсади мусоидат дар пешгирии паҳншавии бемории COVID-19  шуъбаи тоҷикистонии ташкилоти Каритаси Швейтсария дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон маводи зиддивирусӣ, аз ҷумла 992 дона собуни моеъ (5-литра), 176 дона собуни моеъ (400 мл), 478 дона антисептик, 850 кг хлор, 857 дона ниқоби тиббӣ кумак намуданд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар ин рӯзҳои душвор аз номи тамоми сокинони ноҳия ба Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SDC) изҳори сипос намуданд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар медиҳад, тибқи иттилои масъулини ноҳия имрӯзҳо дар шуъбаи сироятии бемористони махсусгардонидашудаи ноҳияи Ёвон зиёда аз 15 нафар беморони мубталои бемориҳои шадиди роҳи нафас, аз ҷумла пневмония табобат мегирифтанд,ки  хушбахтона 7 нафари онҳо вазъи саломатияшон хуб гардида, аз беморхона мураххас шуданд. Сиҳатёфтагон ба табиби ҳозиқ Қиёмиддин Содиқов ва дигар духтурону кормандони тиб, ки дар лаҳзаҳои душвор як лаҳза ҳам аз бари онҳо дур намешуданд, аз сидқи дил изҳори сипос ва миннатдорӣ намуданд.

Соҳибкорону шахсони саховатманди бонангу номуси диёр низ ба  даъвати  башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табибон, беморон ва сойири ниёзмандон дар ин рӯзҳо  ҳамовозӣ намуда, барои пешгирии бемории сироятии COVID-19 бо расонидани маблағҳои пулӣ, маводи доруворӣ ва маводи ғизоӣ кумак карда истодаанд. Ҷиҳати дастгирии ҳамдиёрон ва кормандони соҳаи тиб  як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллии шаҳри Турсунзода бо эҳсоси баланди  ватандӯстӣ дар паҳлӯи ситоди доимоамалкунандаи шаҳр  оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус (СОVID-19)    қарор дошта, дасти мадад ва хайру эҳсон дароз мекунанд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар медиҳад, соҳибкори маҳаллӣ Ӯрунбой Нурматов ба маблағи 52 ҳазор сомонӣ ҷиҳати харидории  либоси махсуси тиббӣ саҳм гузошт.

Соҳибкори маҳаллӣ Шавкат Мадраҳимов ба Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Турсунзода як воситаи нақлиёти Hyundai Starex тақдим намуда, инчунин барои беморхонаҳои шаҳр ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ таҷҳизот ва маводи зарурии тиббӣ харидорӣ намуд.

Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Қараев ба маблағи 17 ҳазору 500 сомонӣ маводи тиббӣ, аз қабили доруворӣ, дастпӯшак, айнак ва ниқобҳо харидорӣ ва  ба беморхонаҳои шаҳр, инчунин оилаҳои ниёзманд эҳдо гардид.

Ҷиҳати таъмири мукаммал ва муҷаҳҳазгардонии ошёнаи якуми Шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии шаҳр клиникаҳои хусусии Раҳимҷон Раҳматуллоев, Маҳмадалӣ Назаров, Алиҷон Алимардонов, Мавлуда Каримова ва дигарон саҳми муносиб гузоштанд.

Устодон ва кормандони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар чунин рӯзҳои ниҳоят сангин, яъне мубориза бо пандемияи COVID-19, масъулиятро боз ҳам ҷиддӣ эҳсос намуда, силсилаи дадбирҳоро   роҳандозӣ намудаанд.   Аз ҷумла, онҳо ба маблағи 2000 сомонӣ ва 1000 адад ниқоб ба Муассисаи давлатии  тиббии Қарияи боло  кумаки хайриявӣ намуда, ба суратҳисоби фонди пешгирии сирояти COVID-19 1000 сомонӣ интиқол доданд.

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар партави иқдомҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони бахши бемориҳои сироятии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов кумаки хайриявӣ расонид, ки он   аз маводи хӯрока, аз қабили шириниҳои гуногун, қаҳва,   инчунин сачоқчаҳои намнок ва ғайра иборат буд.

Бар асари бемории сироятии короновирус, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст,  шаҳрвандони  Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ муваққатан бекор мондаанд. Аз ҷониби соҳибкорони тоҷик, ки дар хориҷа кор мекунанд, ба ҳамватанон кумак расонида мешавад.

Соҳибкори тоҷик Абдуҷаббор Қурбонов, ки айни замон дар шаҳри Москваи  Федератсияи Россия кору иқомат дорад, дар ин рӯзҳои душвор аз ҳисоби даромадҳои худ 5 ҳазор муҳоҷирони меҳнатии бекормондаро мунтазам бо озуқаворӣ таъмин менамояд.

Дар идомаи иқдомоти хайрхоҳона бо пайравӣ аз ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус ҷиҳати маблағгузории тадбирҳои мубориза бо коронавирус таҳвил доданд, ин соҳибкори тоҷик 16 ҳазор сомонӣ барои мубориза бо коронавирус ба суратҳисоби махсуси таъсисёфта интиқол дод.

Май 16, 2020 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд