Аз 11,3 млн. доллари грантӣ аз ҳисоби маблағҳои АБР 6,3 миллионаш барои муқовимат бо COVID-19 пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 14.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11,3 млн. доллари амрикоии грантӣ аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд /АБР/, ки дар доираи Созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АБР оид ба татбиқи «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад, 6,3 миллион доллараш барои тақвияти иқтидорҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар самти табобати интенсивӣ ва эҳё, яъне хариди таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ, либоси махсус, омода намудани ҳадди ақал 100 бистари нав ва хариди дигар маводи мавриди ниёзи аввал барои муқовимат бо пандемия пешбинӣ шудааст. Дар ин бора Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар баробари пандемия эълон шудани сирояти коронавирус бо ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои мақсаднок барои пешгирии пандемияи COVID-19 тақвият дода шуда, 11,3 миллион доллари амрикоии грантӣ аз ҳисоби маблағҳои АБР барои муқовимат бо COVID-19 ҷалб карда шуд. Созишномаи грантӣ барои амалисозии «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АБР моҳи апрели соли равон ба имзо расонида шуда, онро палатаи поёнии Парлумони мамлакат ҳам тасдиқ намуд.
Лоиҳаи мазкур аз 4 қисмат иборат буда, барои амалӣ намудани чорабиниҳои гуногунсамт бар зидди пандемияи вируси COVID-19, аз ҷумла тадбирҳо вобаста ба омода намудани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва аҳолӣ 1 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст. Инчунин расонидани кумаки иҷтимоӣ ба оилаҳое, ки аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазиранд, қисмати муҳимтарини созишномаи мазкур маҳсуб ёфта, барои амалӣ намудани он 3 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Татбиқи ин қисмат аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бо тартиби амалкунандаи механизми расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат анҷом дода мешавад. Инчунин бо мақсади нигаҳдории марказҳои татбиқи лоиҳаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои амалинамоӣ ва мониторинги лоиҳа барои давраи солҳои 2020 – 2021 дар созишнома 1 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст.
Бо мақсади истифодаи таҷриба ва имконоти ташкилоти ҷаҳонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бахусус таъмини шаффофият барои амалӣ намудани қисмати якуми созишнома (6,3 миллион доллар), яъне хариди таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ ва либоси махсус, ташкилоти UNOPS, ки як бахши амалиёти СММ барои сохтори Созмони Милал, институтҳои байналмилалии молиявӣ, ҳукуматҳо ва шарикони дигари ҷаҳон маҳсуб меёбад, ҷалб гардидааст.
Бо дарназардошти талаботи бесобиқа ба таҷҳизоти тиббӣ, бахусус ба таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ ва дигар дорувории зиддивирусӣ дар ҷаҳон, айни ҳол аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бо UNOPS ва ҳамоҳангии намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкории мутақобила барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ворид намудани таҷҳизот ва маводи тиббӣ идома дорад. Истифодаи маблағҳои мазкур пас аз анҷом ёфтани расмиёти Бонки ҷаҳонӣ шуруъ мешавад.
Дар доираи талаботи марбутаи ин Созишнома ҳисобот дар бораи истифодаи маблағи 11,3 миллион доллари амрикоии грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар сомонаи расмии Бонки ҷаҳонӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мегардад.








Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кишти пиёзу картошка идома дорад
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид
ЯХОБМОНӢ-ЗАХИРАИ НАМӢ БАРОИ СОЛИ ОЯНДА. Ин тадбири муҳим дар Тоҷикистон аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад
НОРАСОИИ НЕРУИ БАРҚ-МУШКИЛИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ. Сабаби асосии он тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад
Ҳунарманди муҳрабоф Заррина Сайфиддинова бо маблағи гранти президентӣ маркази омӯзишӣ таъсис медиҳад
Бо масъулони соҳаи молия ва андоз дар шаҳри Бохтар ҷаласа баргузор шуд
Панелҳои офтобӣ дар таъмини энергияи «сабз» чӣ аҳамият доранд?
Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ иштирок намуд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия ҳамоиши идона доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Доир ба Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг баргузор шуд






