Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Исфара Мактаби байналмилалии «Орион» сохта мешавад

Май 14, 2020 11:05

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд санги асоси яке аз иншооти ба шарафи ҷашни миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда- сохтмони бинои Мактаби байналмилалии «Орион»  бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ Исроил ва Нарзулло Ӯлмасовҳо гузошта шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мактаби байналмилалии «Орион» барои 1600 нафар хонанда дар ду баст бунёд гардида, аз се ошёна, таҳхона, 40 синфхонаи таълимӣ, ҳавзи шиноварӣ, толори замонавии варзишӣ ва дигар инфрасохтори муосири таълимӣ иборат мебошад.

Сохтмони бинои мазкур тибқи буҷаи лоиҳавӣ 30 миллион сомониро ташкил дода, ҳоло 60 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб шудаанд. Корҳои сохтмонӣ то моҳи августи соли 2021 ба охир расонида шуда, мактаби мазкур ба фаъолият оғоз мекунад.

Раиси вилоят ба муассисон тавсия дод, ки барои 200 нафар хобгоҳ низ бунёд намоянд. Зеро дар ин мактаби замонавӣ аз дигар минтақаҳои мамлакат  толибилмон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

 

Май 14, 2020 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд