COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 6 миллион нафар гардид

Май 30, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 30.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 30 май дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 125 ҳазору 511 нафар зиёд шуда, ба 6 миллиону 33 ҳазору 835 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 661 ҳазору 163 кас шифо ёфтаанд ва 366 ҳазору 891 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 793 530 нафар), Бразилия (468 338), Россия (387 623), Испания (285 644), Британияи Кабир (271 222), Италия (232 248), Франсия (186 835), Германия (183 019), Ҳиндустон (173 763) ва Туркия (162 120) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (519 569 нафар), Испания (196 958), Бразилия (193 181), Германия (164 100), Россия (159 257), Италия (152 844), Туркия (125 963), Эрон (114 931), Ҳиндустон (82 627) ва Чин (78 302) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (104 542 нафар), Британияи Кабир (38 161), Италия (33 229), Франсия (28 714), Бразилия (27 944), Испания (27 121), Белгия (9 430), Мексика (9 415), Германия (8 594) ва Эрон (7 677) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

АКС аз Global Look Press/Peter Steffen/dpa

Май 30, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон