ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД! Дар Душанбе барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони ҶБВ 351 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 75-солагии Ғалаба бар фашизм ҷиҳати ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони ҶБВ-ии солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 351100 сомонӣ ҷудо намуд. Дар ин бора дирӯз, 5 май, қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Гуфта мешавад, ки ба ҳар кадом иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба андозаи 1500 сомонӣ, ба шахсони дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар ин солҳо кор кардаанд, ҳамчунин маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадом ба андозаи 800 сомонӣ дода мешавад.
Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намудаанд, ки маблағҳои ҷудогардидаро ба сокинони пойтахт — иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон бо тантана на дертар аз 7 майи соли равон супоранд.








Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид






