ХАБАРИ ХУШ! Дар Тоҷикистон 470 нафар аз COVID-19 шифо ёфта, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд

Май 20, 2020 17:52

ДУШАНБЕ, 20.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. То соати 17:00 дақиқаи 20 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2140  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 470 нафар шифо ёфтанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 41 нафар фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Манбаъ илова намуд, ки то имрӯз дар мамлакат 3532 нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 595 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Бояд гуфт, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

То имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар саросари мамлакат барои безараргардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, таъмини беморхонаҳо бо маводи зарурӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корҳои мушаххас амалӣ шуда истодааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Барои таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои худмуҳофизатӣ алайҳи мубориза бо бемории мазкур зиёда аз 45 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар ташкилотҳо ҷудо карда шудааст.

Танҳо имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беморхонаҳои муваққатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе барои қабули беморони мубталои короновирус бештар аз 3200 ҷойи эҳтиётӣ муҳайё карда шуд.

Бояд гуфт, ки тибқи дастури Пешвои миллат на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо ҷойҳои иловагии хоби беморон бо шароити лозимаи табобат муҳайё шуда истодааст.

Дар ин  лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Май 20, 2020 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»