Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД
ДУШАНБЕ, 26.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шакли видеоконфронс ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Роҳбарони ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, пиромуни масоили Афғонистон ва муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои марбут ба рушди иқтидори сулҳофаринии СААД, мақоми Нозир ва Шарики СААД, инчунин ҳамкории он бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили ИДМ ва СҲШ-ро муҳокима намуданд.
Зимни баррасии вазъияти бавуқӯъомадаи эпидемиологӣ бар асари ҳамагирии (пандемияи) коронавируси нав COVID-2019, Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба паҳншавии коронавирус дар мамлакат маълумот дод.
Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистонро дар доираи СААД зикр карда, зарурати муборизаи шадид бо терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳро таъкид намуд.
Дар робита ба вазъият дар Афғонистон Сироҷиддин Муҳриддин иброз дошт, ки Тоҷикистон, ки дорои тӯлонитарин сарҳад бо он кишвар аст, тамоми чораҳои низомию сиёсиро ҷиҳати рафъи хатарҳо андешида истодааст. Таъкид гардид, ки вазъияти кунунӣ аз тамоми кишварҳои узви СААД вокуниши муносиб, ба вижа гузоштани қадамҳои таъхирнопазирро ҷиҳати ҳифзи марзҳои ҷанубии Созмон талаб мекунад.
Вазирони корҳои хориҷӣ чанд изҳороти муштарак, аз ҷумла роҷеъ ба ҳамбастагиву ҳамёрӣ дар мубориза бо ҳамагирии коронавирус, дастгирии даъвати Дабири кулли СММ ба эълони ҷаҳонии оташбас бино ба ҳамагирии COVID-19, роҷеъ ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оид ба ба таъйиди пойбандӣ ба аҳдофу усулҳои Ойинномаи СММ-ро қабул карданд.
Дар интиҳои ҷаласа чанд қарор аз рӯи масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирон дохил шуда буданд, қабул гардиданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






