КОРИ ХАЙР КУНЕМ. Оилаи Абдуллоевҳо ба беморхонаҳои шаҳри Ҳисор ду адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оилаи Абдуллоевҳо аз ҳисоби маблағҳои пасандози оилаашон ба беморхонаҳои шаҳри Ҳисор ду адад нақлиёти ёрии таъҷилии истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин маводи табобатӣ ва даҳ тонна маводи хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ ва маҳсулоти қаннодию шириниворӣ тақдим намуданд.
Дар маросими супоридани кумак Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок намуда, ба бародарон Абдуллоевҳо изҳори сипос намуд. Ҳамзамон Раиси шаҳри Ҳисор аз Беморхонаи марказии шаҳр дидан намуда, бо вазъи табобати беморон, фаъолияти табибон ва таъминоти онҳо бо маводи доруворӣ шинос шуд. Шарифҷон Ҷумъазода зикр намуд, ки табибон дар шароити феълӣ бояд дар иҷрои рисолаташон бештар масъулиятшинос бошанд ва қарзии табибии худро барои табобати бемороне, ки мубталои касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 мебошанд, софдилон иҷро намоянд. Зимни суҳбат бо раиси шаҳри Ҳисор табибон барои ғамхориҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карданд.
Ҳамзамон бо мақсади дастгирии табибони беморхонаҳои шаҳри Ҳисор ва таъмини беморони гирифтори COVID-19 оилаи Аҳмадовҳо ба беморхонаҳои шаҳри Ҳисор 5 тонна орд, 100 дона хилъат, 250 дона ниқоб, 1800 дона сефтриаксони натрий, 80 дона элфлокс, 80 дона лазалван, 500 дона азитромисин, 500 дона сефатзилим, хлор ва гипрохлориди натрий дастрас намуданд, ки иҷрои ин амал барои табобати беморон ва таъмини табибон бо маводи озуқа саривақтӣ буда, аз хайрхоҳӣ ва саховатмандии бародарон Аҳмадовҳо шаҳодат медиҳад.
Инчунин аз ҷониби ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» ва роҳбарияти бозори масолеҳи сохтмонии шаҳри Ҳисор ба оилаҳои камбизоат ва беморхонаи шаҳрӣ либосҳои муҳофизатӣ, маҳлули шустушӯӣ, доруворӣ ва маҳсулоти хӯрокӣ кумак расонида шуд.
АКС аз бойгонӣ








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






