Кормандони милиса дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба аёдати иштирокчии ҶБВ Маҳмадулло Сафарови 100-сола рафтанд
ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 75-солагии Иди Ғалаба кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ Маҳмадулло Сафаров рафта, бо худ маҳсулоти хӯрока дастовез бурда, ба ӯ кӯмаки молӣ расониданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.
«Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар арафаи таҷлили 75-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) сурат гирифта, кормандони милиса ба Маҳмадулло Сафаров пайғому табрикоти Вазири корҳои дохилиро расонида, аз аҳволи иҷтимоии номбурда хабардор гардиданд «,- зикр кард манбаъ.
Маҳмадулло Сафаров, ки имсол 100-умин баҳори умри хешро пешвоз мегирад, бо чеҳраи болида ва рӯҳияи баланд дар арафаи Иди Ғалаба табрикотро пазируфта, аз роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ғамхорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ зиндагии осоиштаю хуррамона бурда, аз ғамхориҳою парастории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдорем.









ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст






