ОФАТИ ТАБИӢ. Бар асари боронҳои шадид дар ноҳияи Хуросон 338 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст

Май 19, 2020 08:45

ДУШАНБЕ, 19.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар деҳаҳои Неъматулло Асадулло, XVIII Партсъезд ва Хуросони ҷамоати ба номи Садриддин Айнӣ, ҳамчунин рустои Пахтаободи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел омад, ки дар натиҷа  338 хонаи истиқоматӣ зарар дид. Аз ҷумла 14 хона пурра ва 1 хона қисман хароб шуданд. 

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 14 май кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва техникаҳои махсус бо мақсади роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи осебдида сафарбар карда шуданд. Инчунин барои корҳои барқарорсозӣ 200 литр сӯзишвории дизелӣ, эксковатор ва мошини борбардор равона шуданд.

Бо талоши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон то имрӯз 28 хонаи истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ  аз лойоба тоза гардида, корҳои дигари бартарафсозӣ идома доранд.

Инчунин 35 хайма барои ташкили шаҳраки муваққатии хайманишинон ҷудо шуда,  хонаводаҳое, ки ҷойи рафтан надоштанд, дар он ҷойгир карда шуданд.

18 май Комиссияи ҳукуматӣ бо сарварии ҷонишини Сарвазири мамлакат  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз ноҳияи офатрасида дидан намуд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи фаврӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва намояндагони хонаводаҳои зарардида масъалаҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ баррасӣ гардид.

Май 19, 2020 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд