«СOVID-19 – МУШКИЛОТ БАРОИ БАШАРИЯТ, ЗАРБА БА ИҚТИСОДИ ҶАҲОН». Чунин иброз дошт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Файзуллозода

Май 18, 2020 10:51

ДУШАНБЕ, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳони муосир дар баробари вомондан ба доми хашини таҳаввулот ва кашмакашҳои сиёсиву иқтисодӣ  ҳамзамон имрӯзҳо ба  падидаи хеле  сангин —  афзоиши  бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории илтиҳоби шуш, саратон, ВИЧ-СПИД, фишорбаландӣ, бемории дил ва даҳҳо  бемориҳои гуногун гардидааст.  «Яке аз ин  бемориҳои сироятӣ коронавируси намуди нави СOVID-19  мебошад, ки   қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро  фаро гирифта, ҳамчун мушкили глобалӣ барои давлатҳо  арзёбӣ мегардад ва метавонад дар бисёр кишварҳо мушкилоти озуқаворӣ ва гуруснагии шадидро ба миён орад, — гуфт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид ФАЙЗУЛЛОЗОДА.  

Коршиносон мегӯянд, ки бо зиёд гардидани шумораи инсоният дар рӯи замин  имрӯз мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ ва норасоии озуқа ба миён омадааст. Яъне имрӯз, ки аҳолии сайёра қариб ба 8 миллиард нафар расидааст, иқтидори мавҷудаи замин басанда нест, —  изҳор намуд М. Файзуллозода. —   Барои  мисол,  имрӯз дар ҷаҳон  беш аз 200 миллион аҳолӣ дар ҳолати фақр ва нодорӣ қарор дошта, аз норасоии озуқа сахт ранҷ мебаранд ва барои ҳалок нагардидани худ маҳсулоти пастсифати озуқавориро истеъмол мекунанд. Истеъмоли маҳсулоти пастсифат ва хатарноки озуқаворӣ сабаби ба вуҷуд омадани бемориҳои сироятӣ  барои инсоният гардидааст, ки мисоли он бавуҷудоии бемории сироятии навъи  СOVID-19  ва афзоишу сироятёбии он дар ҷаҳон мебошад.

Башарият дар  тӯли таърих  борҳо  ба чунин вабоҳо рӯ ба рӯ гардида,  туфайли рушди илми тибби  тавонистааст  барои аз байн бурдани онҳо муваффақ гардад. Бо вуҷуди он, ки то имрӯз бар зидди ин бемории марговар ваксина офарида нашудааст,  лекин умед аст, ки бо талошҳои дастаҷамъонаи байналмилалӣ ин мушкилот ҳал хоҳад шуд.

Бемории мазкур бори аввал 17 ноябри соли 2019 дар шаҳри Ухани вилояти Хубейи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шуда, баъдан ин беморӣ аз 13 январи соли 2020 ба Тайланд, 20 январ ба ИМА, 28 январ ба Германия, 31 январ ба Англия, Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои ҷаҳон паҳн гардид. Бо паҳн гардидани бемории мазкур он аввали моҳи марти соли 2020 аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии  тандурустӣ ҳамчун пандемия эътироф гардид.

Мутаассифона, ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дар сойири кишварҳои олам  ба қайд гирифта шуд, аммо вазъияти ҷаҳон моро водор месозад, ки оид ба ин масъала ва оқибатҳои он, ки рӯз аз рӯз суръати паҳншавиаш шиддат гирифта истодааст, андеша намоем. Ҳамзамон чораҳои пешгирии ин бемории марговарро,  ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод гардида, тавассути ролику гузоришҳои телевизионию радиоӣ ҳар лаҳза пахш гардида истодаанд, риоя намоем.

Шоҳиди он ҳастем, ки имрӯз кишварҳои  ҷомеаи ҷаҳон дар ҳамдастӣ ва бо риояи барномаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  тавонистанд то ҷойе ин хатарро дур созанд. Далели ин гуфтаҳо ба ҳолати осоишта дубора рӯ овардани шаҳрвандони Чин, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва чанде дигар давлатҳо мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб ва бо риояи қоидаҳои санитарию  беҳдоштӣ  сироятёфтагон аз ин беморӣ ҳамарӯза шифо ёфта, ба ҳаёти осоишта бармегарданд.

Фаромӯш набояд кард, ки дар ин замони ҳассос як беаҳамиятӣ ва ё бемасъулиятӣ метавонад ҷони ҳазорон нафар шаҳрвандони моро низ ба хатар мувоҷеҳ созад. Бо ин мақсад дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз дар мамлакат  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории сироятии навъи СOVID-19   амал намуда, ҳамчунин муваққатан як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла бастани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва қатъи  парвози ҳавопаймоҳо ҷорӣ карда шудааст, ки ин ҳама барои саломатии шаҳрвандон ва эмин будани онҳо аз ин бемории марговар мебошад.

Дигар кишварҳои ҷаҳон,  аз ҷумла давлатҳои исломӣ  аз  қабили Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Миср, Туркия, Эрон, Покистон  ва  ғайра  чунин маҳдудиятҳоро бо мақсади пешгирии бемории сироятии  СOVID -19 ҷорӣ намудаанд. Аз ин рӯ бастани гузаргоҳҳои сарҳадӣ, роҳҳои ҳавоӣ, маҳдуд кардани равуо ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ба нафъи шаҳрвандони ҳар давлат, аз ҷумла  махсусан кишвари мо мебошад.

Бо ин мақсад дар заминаи Сидоди ҷумҳуриявӣ дар Кумитаи бехатарии  озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди дохилиидоравӣ таъсис ёфта,  тибқи нақшаи тасдиқнамудаи роҳбарият  бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СOVID-19   Раёсат ва марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории  Кумита  дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки санҷиши бехатарии  маҳсулоти озуқавориро  боз ҳам  пурзӯр карда, оид ба ин бемории хавфнок ва тариқи  сунъӣ  баланд накардани нарху навои маҳсулоти озуқаворӣ бо соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Инчунин дар доираи тадобири  судманде, ки аз ҷониби мақомоти бехатарии  озуқаворӣ  ҷиҳати  тадбиқи «Барномаи давлатии бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар кишвар  барои солҳои 2019-2023»  андешида мешаванд, кӯмаки Иттиҳоди Аврупо бо ширкати  намояндагони ин иттиҳод ва Ҷумҳурии Федеративии  Германия  иборат аз маводи аввалиндараҷаи пешгирикунандаи бемории навъи СOVID-19 ба кормандони Кумита, ки дар сарҳадоти ҷумҳурӣ,  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ фаъолият мекунанд,   супорида шуд.

Ҳамчунин Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҷавоб ба даъвати  хайрхоҳонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои муолиҷаи сироятёфагони ин беморӣ ба фонди СOVID-19-и  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал аз ҳисоби маблағҳои махсуси худ 50 ҳазор сомонӣ ва дар марҳилаи дуюм аз ҳисоби иқдоми хайрхонаи кормандон 30 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 80 ҳазор сомонӣ кумак намуд.

Мақомоти бехатарии озуқаворӣ дар якҷоягӣ бо воситаҳои ахбори омма, махсусан шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва   АМИТ «Ховар» чандин маводҳо, барномаву гузориш ва роликҳо доир ба  таъмин намудани аҳолӣ бо  маҳсулоти бехатар, пешгирии бемориҳои сироятии аз ҳайвон ба инсон гузаранда,  махсусан бемории сироятии навъи СOVID-19  омода карда, пешниҳоди аҳолӣ намуданд.

Саволи матраҳ ин аст, ки аз рӯи имконоти мавҷуда чӣ бояд кард, то пеши роҳи паҳншавии ин беморӣ дар мамлакат гирифта шавад? Ба қавли Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва торафт доман паҳн намудани бемориҳои хатарноки сироятӣ, яъне вабо моро водор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем ва нагузорем, ки ин бемории хатарнок саломатӣ ва ҳаёти одамонро дар хатар гузорад».

Моро зарур аст, ки дастуру супоришҳоеро, ки аз ҷониби масъулин ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ  дода мешаванд, ба хотири беҳдоштӣ ва саломатии худ риоя намоем.

Беҳтарин неъмат барои инсоният  саломатии  тану ҷони ӯст ва боигарию бақои ҳар давлат бошад аз солимии ҷомеаи он вобастагии калон дорад.

Май 18, 2020 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст