Вакилон аҳамияти Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро баррасӣ намуданд

Май 28, 2020 14:30

ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 май таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар мавзўи «Моҳият ва аҳамияти Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хониши парлумонӣ баргузор гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат хабар доданд.

Аз рӯи масъалаи мазкур Раиси комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода иброз намуд, ки Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 7 фасл, 32 боб ва 534 банд иборат буда, дар ҳар банди он як бахши масъулияту фаъолият ва усулу раванди кори вакилон инъикос ёфтааст.

Дар Хониши парлумонӣ махсусан таъкид карда шуд, ки тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ, намояндагӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарламентиро дар бар мегиранд.

Ҷамшед Муртазозода ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилон, фаъолиятҳои вакилон дар самти намояндагӣ ва нақши вакилон дар рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва байнипарламентиро тибқи қонунгузории соҳавӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тафсир дод.

Зимни хониши парлумонӣ ҳамчунин иброз гардид, ки ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вакилони Маҷлиси намояндагон заминаҳои ҳуқуқии Истиқлолияти давлатии хешро таҳкими бештар бахшида, барои кору зиндагии мардум шароити беҳтар фароҳам намудаанд.

Май 28, 2020 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд