12 шаҳрванди Тоҷикистон аз Кувайт ба Ватан баргардонида шуданд

Июнь 6, 2020 09:32

ДУШАНБЕ, 06.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 шаҳрванди кишвар, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар Давлати Кувайт дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт ба Душанбе баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимнан бояд зикр намуд, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумат аз вазъи душвори шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии ҷаҳонии COVID-19 дар кишварҳои гуногуни дунё дармондаанд, огаҳ буда, тадбирҳои заруриро меандешад, то ҳамаи ҳамватанонро аз хориҷа дар наздиктарин фурсат ба Ватан солим баргардонад.

Барои ин ба ҳамаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷа супориш дода шудааст, ки маълумоти ҳаррӯза дар бораи вазъи шаҳрвандонро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19  пешниҳод карда, тамоми мусоидати имконпазирро ба шаҳрвандон расонанд.

Аск аз бойгонӣ

Июнь 6, 2020 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон