17 ИЮН — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БИЁБОНШАВӢ ВА ХУШКСОЛӢ: баррасии мавзӯъ дар барномаи «Шарҳи коршинос»-и Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 17.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолӣ дар шароити норасоии об ва соли 2045 135 млн. нафар одам макони зисташонро бо сабаби корношоям ва ё биёбоншавии замин тарк мекунанд. Дар ин хусус дар СММ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳониимубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ, ки ҳамасола 17-уми июн қайд мегардад, иттилоъ додаанд. Қарор дар бораи таҷлили рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди биёбоншавӣ бори нахуст соли 1994 аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ қабул гардидааст. Ба кишварҳои ҷаҳон пешниҳод гардид, ки рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди биёбоншавиро барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҷомеа оид ба зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва оқибатҳои хушксолӣ, инчунин рафти иҷрошавии Конвенсия дар бораи мубориза бар зидди биёбоншавӣ бахшанд.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба омилҳои биёбоншавӣ ва паёмадҳои он соатҳои 10:15, 13:15, 16:15 ва 20:15 дар барномаи «Шарҳи коршинос»-и радиои «Ховар» бо иштироки Ҳасан Асоев, коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






