НОҲИЯИ АШТ: Аз аввали мавсим 2720 тонна меваи тар ба хориҷи мамлакат содирот карда шуд

Июнь 15, 2020 08:53

ДУШАНБЕ, 15.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/.  Аз аввали мавсими имсола, аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд аллакай 2720 тонна меваи тар тавассути 160 автомашина ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст. Аз ҷумла, 2687 тонна зардолу ва 33 тонна гелосу олу ба Федератсияи Россия фиристода шуд. Дар ин бора аз мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Илова бар ин, тавассути автомашинаҳои боркаши хурд ҳамарӯза то 20 тонна меваи тар бо нархҳои аз 1,5 сомонӣ то 2,5 сомонӣ ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳо бароварда шуда, то имрӯз наздик 500 тонна, аз ҷумла 453 тонна зардолу ба фурӯш рафтааст.

Ҳамзамон, ширкатҳои истеҳсолӣ низ барои харидории меваҳои шаҳдбори ноҳия ҳавасманд буда, аз тарафи корхонаи «Оби зулол» барои истеҳсоли афшура аллакай 22 тонна зардолу харидорӣ карда шуд.

12 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт ба рафти ҷамъоварӣ, коркард ва содироти меваи зардолу шинос шуд.  Аз ҷумла, Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии «Дурахшон» боздид намуд. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 20 гектар  боғи зардолу мебошад. Навъҳои «Мирсанҷалӣ» ва «Исфарак», ки дар ин хоҷагӣ парвариш меёбад, харидорони сершумори худро дорад.

Дар идома Раиси вилоят бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зардолу ва К» шинос шуд. Дар корхона 55 нафар ба кор ҷалб гардида, то имрӯз тавассути ин ширкат 1350 тонна мева содирот гардидааст.

Бояд зикр кард, ки боғпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади минтақа маҳсуб ёфта, дар парваришу нигоҳубини боғоти зардолу боғдорони ноҳияи Ашт таҷрибаи калон доранд. Маҳз бо заҳмату талоши боғдорони ноҳия ҳамасола садҳо тонна меваҳои шаҳдбори ноҳия ба хориҷи кишвар содирот гардида, қисми асосии даромади он барои боло рафтани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии сокинон ва ривоҷ додани соҳа сарф мегардад.

Раиси вилоят ба фаъолияти боғдорону ширкати истеҳсолӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати бештар намудани содироти маҳсулот, сари вақт ба анҷом расонидани чиниши меваҷот, таъмини бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ бо меваҳои тару тоза дастуру супоришҳо дод.

Июнь 15, 2020 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад