Бадахшон: Шумораи мубталоёни COVID-19 дар вилоят рӯ ба камшавӣ ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи имрӯзаи ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновируси нави Сovid -19 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов эълом доштааст, ки хушбахтона рӯзҳои охир теъдоди афроди гирифтори ин беморӣ дар ВМКБ кам ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Тибқи омори расмӣ ба ҳолати 7-июн ҳамагӣ 19 нафар дар муассисаҳои табобатӣ бистарӣ гардиданд. Ин нишондод дар муқоиса ба як ё ду ҳафтаи пеш, ки шумораи сироятёфтагон аз 50 то 70 нафарро ташкил дода буд, зиёд нест. Дар давоми ба табобат фаро гирифтани мубталоёни ин беморӣ, 1506 нафар ба таври расмӣ бо касалиҳои гуногуни шуш ба табобат фаро хонда шуданд, ки аз ин шумора 75 дарсад, ё худ 1132 нафар баъди барқарор шудани вазъи саломатӣ аз муассисаҳои табобатӣ рухсат шуданд. Дар давоми ин муддат танҳо 22 нафар шахсони калонсол ва ё бо нишонаҳои дигар бемориҳои музмин фавтиданд, ки 14 нафар ба беморхонаи вилоятӣ рост меояд. Дар ҳудуди вилоят ҳодисаи фавт дар маҷмуъ 1,5 фоизро ташкил медиҳад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






