Бахшида ба Рӯзи олимпӣ собиқадорон ва варзишгарони тоҷик бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ба ифтихори Рӯзи олимпӣ як қатор собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони маъруфи кишвар аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Дар маросими туҳфасупорӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Раҳмонзода Абдулло ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Муҳаммадшо ширкат ва ҳозиринро таҳният гуфтанд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тазаккур дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ варзиш яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, хусусан Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишу варзишгарон таваҷҷуҳи махсус доранд. Маҳз бо ҳидояту дастгирии Пешвои миллат ҳар сол чорабиниҳои Дави миллӣ, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон ва Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо дар сатҳи баланд баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Рӯзи олимпӣ ҳар сол дар ҷумҳурӣ бо баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, семинару конфронс ва суҳбату мулоқотҳо таҷлил мешуд, вале имсол бо сабаби пандемияи COVID-19 ва қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии коронавирус аз доир кардани чорабиниҳои тантанавӣ худдорӣ карда шуд. Умуман, ин беморӣ ба соҳаи варзиши ҷаҳон таъсисри манфӣ расонд ва Бозиҳои олимпии Токио аз соли 2020 ба соли 2021 гузаронида шуд.
Изҳори умед карда шуд, ки ҷомеи ҷаҳонӣ дар наздиктарин фурсат бар ин беморӣ пирӯз мегардад ва варзишгарон ба тамрин машғул шуда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпӣ талош мекунанд. Ба онҳо барои ноил шудан ба ин ҳадафашон муваффақият таманно карда шуд. Сипас, ба 50 нафар собиқадорони соҳа ва варзишгарони маъруфи кишвар туҳфаҳои хотиравии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим гардид.









ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад






